Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи якҷояи Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи якҷояи Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 июни соли 2022 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи якҷояи Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ баргузор гардид, ки дар кори он Роҳбарияти Агентии омор ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Директори Агентӣ – Раиси Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ (сатҳи дуюм) Ҳасанзода Г.К. оғоз намуда, рӯзномаи ҷаласаро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд. Раиси Шӯро қайд карданд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 6 июни соли 2010, №883 дар назди Агентии омор Шӯрои байниидоравии оморӣ  таъсис дода шуда буд.

Илова ба ин, мутобиқи супориши дахлдори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ соли 2016 ташкил гардида, роҳбарии сатҳи техникии гурӯҳи кории мазкурро Директори Агентии омор ба ӯҳда дорад. Дар ин давра якчанд маротиба ҷаласаҳои сатҳи техникӣ ва сатҳи олӣ доир гардида, такмили методология ва тақвияти корҳо ба сомон расонида шуд.

Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи ташкили мушоҳидаҳои омории давлатӣ дар асоси методологияи илман асосноки оморӣ мебошад.

Гурӯҳи кори байниидоравӣ бошад, бевосита такмили методологияи баҳисобгирии оморӣ ва тақвияти фаъолияти байниидоравиро анҷом медиҳад.

Сардори раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабойзода З.Ҷ. дар бораи лоиҳаи Нақшаи кории Шӯро барои соли 2022 ва чорабиниҳои банақшагирифташуда, масъулини иҷро ва муҳлати иҷрои онҳо суханронӣ намуд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа гузориши ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» – Бобизода А. оид ба татбиқи Лоиҳа баромад намуда, дар бораи ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Лоиҳа, инчунин сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва қисматҳои (компонентҳои) Лоиҳа маълумот дод. Бояд зикр кард, ки ҳадафи асосии Лоиҳа ин мусоидат ба навкунии низоми омори давлатӣ ҷиҳати дастгирии самараноки сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома муовини Директори Агентии омор Давлатзода Қ. ба сухан баромад дар бораи Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» маълумот дод.

Номбурда қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари лоиҳаҳои инвеститсионию грантӣ аз рӯи таҷриба Кумитаи роҳбарикунанда таъсис дода мешавад.

Дар мувофиқа бо Бонки умумиҷаҳонӣ дар Агентӣ лоиҳаи Низомномаи Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» таҳия ва барои баррасӣ ба аъзоёни Шӯро манзур карда шуд.

Сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Набизода А. дар гузориши худ дар бораи заминагузорӣ барои таъсиси Регистри омории аҳолӣ: таҳияи китоби электронии хоҷагии хонаводаҳо дар маҳалҳои шаҳрӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома сардори раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабойзода З.Ҷ. баромад намуда, қайд намуд, ки ҳамасола мақомоти омори давлатӣ лоиҳаи Барномаи корҳои омориро барои соли оянда таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа месозад.

 

Вобаста  ба масъалаҳои рузномаи ҷаласа мавқеи вазорату идораҳо шунида шуда, бо назардошти гузоришу муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои рӯзнома, ҷаласаи якҷояи Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Протоколи чаласаи Шуро




0 комментария к “Ҷаласаи якҷояи Шӯрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...