Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

12 июли соли ҷорӣ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор багузор гардид.

  • Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2024 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Назарзода Зарина, муовини Директори Агентии омор аз рӯи ин масъала дар ҷаласа гузориш дод. Таъкид шуд, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қувваю нерӯи тоза аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро сармашқи кори худ қарор дода, дар нимсолаи якуми соли 2024 ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз камбудиву мушкилотҳо, Агентӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барномаи корҳои оморӣ дар соли 2024” бо иҷрои 4759 кори оморӣ нимсолаи якуми соли ҷориро ҷамъбаст намуд, ки аз иҷрои пурраи барнома шаҳодат медиҳад.

Зикр гардид, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ ҳамаи шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ба пуррагӣ ба шакли электронӣ гузаронида шуданд. Вобаста ба гузариши пурра Шўрои методологии Агентии омор ҳамаи шаклҳои ҳисоботиро бо дарназардошти тағйиру иловаҳо ва гузариши пурра ба усули электронии ҳисоботсупорӣ, бо Фармоиши Директори Агентӣ аз 26-уми январи соли 2024, №06 аз нав тасдиқ намуда, ба ҳамаи сардорони раёсату шуъбаҳо барои корбарӣ ирсол гардид. Ҳамзамон, дар ин давра ба руйхати таҳлилии нархҳо барои ҳисоби индекси нархҳои итеъмолӣ ноҳияҳои Восеъ, Ҷ.Балхӣ ва Рӯдакӣ илова карда шуданд, ки маълумоти нархҳо аз рӯи ҷадвали коркарди №1 «Нархҳои миёна ва индекси нархҳои (алоҳида) ба молҳои истеъмолӣ» ва ҷадвали коркарди №2 «Нархҳои миёнаи (тарифҳо) хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ» ҷамъоварӣ мегардад.

Нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқа ва хизматрасонӣ ҳар моҳ аз тарафи мақомотҳои омори вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуда, мавриди коркард қарор гирифта, нархи миёнаи ҳар як намуди маҳсулот дар сатҳи ҷумҳурӣ ва индекси маҳсулотҳои озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ ҳисоб карда шуда, ба истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ пешниҳод гардидааст.

  • Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо шунида шуд.

Аз тарафи Директори Агентии омор Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба сардорони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба фарогирии субъектҳои ҳисоботсупор, ҷамъоварии дурусти нишондиҳандаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ тибқи методологияи муайян, қатъиян аз байн бурдани таҳрифкорӣ, пурра ба ҳисоботҳои оморӣ дохил намудани маҳсулоти растанипарварӣ ва мевагиҳо, мавриди омӯзиш ва такмил қарор додани методологияи баҳисобгирии нишондиҳандаи ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамзамон супориш дода шуд, ки иҷрои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” (бо дарназардошти тағйиру иловаҳо), “Дар бораи забони давлатӣ”, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 марти соли ҷорӣ ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар ироа гардид, амалӣ намоянд.

Аз рӯи рӯзномаи ҷаласа Неъмонов Маҳмадӣ, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Агентӣ оиди шарҳи суханронии Президенти кишвар дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 баромад намуд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода ба фаъолияти кормандони мақомоти омори кишвар баҳои қаноатбахш дода, ҷиҳати саривақт ва босифат ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбаст намудани ҳисоботҳои муътамади оморӣ изҳори назар намуд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...