Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

16 октября соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда то охири соли 2018» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар даъватшудагон аз вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, нақлиёт, кумитаи андоз, хадамотҳои алоқа ва гумрук баргузор гардид. 

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г. К. ифтитоҳ намуд. Сипас муовини якуми директори Агентӣ Шокирзода Ш. Ш. доир ба натиҷаҳои 9 моҳи соли равон муфассал баромад кард. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар асоси фармонҳо, супоришҳо, дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоӣ фаъолияти худро ба роҳ монда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Аз ҷумла, Агентии омор дар нуҳ моҳи соли 2018 тибқи Барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар наздаш гузошташударо иҷро намуд.

Дар ин давра ба Агентӣ 476 – Амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз пайнавишти ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо инчунин 58 – қонуну қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1175 – мактубҳои вазорату идораҳо, 254 – мактубҳо аз мақомоти маҳаллии омор, 159 – мактубҳо ба воситаи ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 25 муроҷиати шаҳрвандон бо таври хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуд.

Дар ин давра ҳамагӣ 7,4 ҳазор корҳои омории дар нуҳ моҳи соли 2018 ба нақшагирифташуда пурра иҷро карда шуд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти “Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017” (ТТДТ/2017) бо гурӯҳҳои техникӣ ва коршиносони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ гардида, баъд аз хулосаи гурӯҳои техникӣ натиҷаҳои аввали таҳқиқоти “Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017” ҷамъбаст ва нашр карда шуд.

Вобаста ба роҳандозии дафтари электронии хоҷагии хонаводаҳо дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот корҳо оғоз гардида дар ин раванд шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳамчун минтақаи таҷрибавӣ интихоб гардид ва барномаи махсус, ки барои ба дафтари хоҷагӣ дохил намудани маълумоти электронӣ равона гардидааст таҳия карда шуд.

Тибқи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 30 маҷмӯаҳои оморӣ, 171 буллетени оморӣ, 53 маълумоти оморӣ, 75 иттилооти таъҷилии оморӣ ва 61 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр гардида, ба истифодабарандагон пешниҳод карда шуд.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар Агентии омор вобаста ба анҷомёбии лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор», гранти ЕСASTAT, ки аз 29 майи соли 2015 шуруъ гардида 30-июни соли 2018 ба анҷом расид, конференсияи ҷамъбастӣ баргузор карда шуд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, №57 “Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Фармоиши Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 № 49 “Дар бораи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои 64 ва 91 шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон” ба имзо расид.

Тибқи фармоиши зикршуда барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 24-уми октябри соли равон гузаронида мешавад.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумотҳои омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни кори ҷаласа дар бораи саривақт ва бо сифат ба анҷом расонидани корҳои оморӣ, дақиқияти маълумотҳои оморӣ, риояи методологияи ҷорӣ доир ба ташаккули оморӣ расмӣ дастур дода шуд.




0 комментария к “Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...