Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИДИ ИНКИШОФИ ОМОРИ МЕҲНАТ

ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИДИ ИНКИШОФИ ОМОРИ МЕҲНАТ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори меҳнат таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо дарназардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» оғоз гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомотҳои омори давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони воломақоми Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, кормандони илмии самти соҳаи меҳнат ва як қатор коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба пайгирии навгониҳои илмӣ дар раванди гузариш ба стандартҳои нави омори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва таъсири он ба ҷараёнҳои муҳоҷират, мақом дар шуғл ва андозагирии даромад аз шуғл ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ баррасӣ хоҳанд гашт.

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур тамоюли рушди кунунӣ ва минбаъдаи омори меҳнат дар давлатҳои аъзои ИДМ, татбиқи стандартҳои дар сатҳи байналмилалӣ муқарраргардидаи омори меҳнат, муқоисапазирии маълумоти оморӣ, ҳамгироии низоми миллии хадамоти омори давлатҳои минтақа ба низоми байналмилалӣ, муайяннамоии самтҳои афзалиятноки рушди омори меҳнат ва дигар ҷанбаҳои мубрами омори меҳнат мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИДИ ИНКИШОФИ ОМОРИ МЕҲНАТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...