03.06.25
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Кумитаи омори ИДМ Лайкам К.Э, намояндагони мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи омори ИДМ ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба беҳтар намудани таъминоти иттилоотии хадамоти миллии омори минтақа ба кори худ оғоз намуд.
Чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Шурои роҳбарони хадамоти омори давлатҳои аъзои ИДМ зимни ҷаласаи 71-уми Шуро пешбинӣ гардида буд, ташкил карда шуд.
Рӯзи аввал ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокдорони ҷаласа дар баргузорӣ ва ҳаллу татбиқи масъалаҳои гузошташуда барору муваффақиятҳо таманно намуд.
Ҳамзамон Ҷамшед Нурмаҳмадзода баргузории ҷаласаи мазкурро дар шароити пешрафти босуръати технологӣ ва рақамисозии ҷаҳонӣ дар беҳтар гардидани низоми мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ махсусан дар самти муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки мо мутахассисони соҳаи омор дар татбиқи нақшаву барномаҳои корӣ метавонем танҳо бо кӯшишу талошҳои рӯзафзун ва пешниҳоди маълумоти дурусту боэътимод ва шаффоф саҳм дошта бошем.
Таъкид гардид, ки танҳо бо ҳамкории муштарак дар татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, таҳияи маълумоти кушода ва ташаккули он дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шакли оморӣ оиди равандҳои тиҷорат ва умуман дар татбиқи воситаҳои муосири коркард ва интиқоли иттилоот дар соҳаҳои гуногун метавонем муваффақ гардем.
Инчунин дар раванди ҷаласаи мазкур масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ҷиҳати баландбардории сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ, амалияи мавҷуда дар самти таҳиянамоии маълумоти омори расмӣ дар давлатҳои узв ва татбиқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ аз Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ матраҳ мегарданд.
Ҷаласа аз 3 то 5 май идома хоҳад ёфт.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ МУТАХАССИСОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИИ ХАДАМОТИ МИЛЛИИ ОМОРИ МИНТАҚА”