Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон»

Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон»

            11 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки барои солҳои 2020-2023 пешбинӣ шудааст, баргузор гардид.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ карда мешавад. Ба ҳайати Кумитаи роҳбарикунандаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон» роҳбарони ва муовинони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, директорони муассисаҳои илмй ва таълимй дохиланд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни баромади худ қайд намуданд, ки айни замон дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омода карда шуда ва барои мувофиқа ба ҳамаи вазорату идораҳо ирсол карда шудааст.

Феълан омодагиҳо барои нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 идома доранд. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар охири соли 2021 сафари омӯзишӣ барои ҷамъбаст ва паҳн кардани натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба Ҷумҳурии Беларус ташкил карда шуд. Барои интишори натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои техникӣ, инчунин базаи офлайнӣ барои кормандони мақомоти омор таҳия карда шудаанд.”- таъкид карданд, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи роҳбарикунанда.

Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) якҷо бо Ҳукумати Русия ба таҳкими иқтидори илмӣ ва таҳлилии Тоҷикистон дар самти коркарди маълумотҳои омори демографӣ мусоидат мекунад. Дар доираи лоиҳа Маркази таълимии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои (АМИ) Тоҷикистон ва Маркази илмию таълимии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Курсҳои махсус такмили ихтиссос барои хизматчиёни давлатӣ, муҳаққиқон ва донишҷӯён вуҷуд доранд, ки аз ҷумла аз ҷониби донишмандон ва олимони Федератсия Русия ташкил карда шудаанд. Чунин пуштибонии ҷониби мо ба рӯҳияи шарикӣ ва иттифоқи стратегии Русия ва Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ду кишвари мо дар заминаи пажӯҳишҳои илмӣ, аз ҷумла демография ва омор мувофиқат мекунад”. — гуфт вакили муваққатии корҳои Сафорати Русия дар Точикистон Шамил Фатоевич Шамсутдинов.

Роҳбари Дафтари Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Наргис Раҳимова, зимни суханронӣ қайд намуданд: “Лоиҳа барои суръат бахшидан ба пешрафти кишвар дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд ва Рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувор муқарраршуда арзиш ва манфиатҳои беназир дорад. Бо қаноатмандӣ аз номи роҳбарияти Дафтари Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) ба Ҳукумати Федератсияи Русия барои ҳамкорӣ ва дастгирии лоиҳаи таҳкими сиёсати аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2023 самимона сипосгузорӣ намуданд. Ҳамзамон қайд намудан, ки имрӯз натиҷаҳои татбиқи бомуваффақияти Лоиҳа аз ҷониби аъзои Кумитаи роҳбарӣ ва дастаи мо UNFPA ва рунамо  дар бораи рафти коркарди натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 муаррифӣ карда мешаванд.

Дар вохӯрӣ ҳисобот оид ба фаъолияти Хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳа муаррифӣ гардид. Аъзои Кумитаи роҳбарӣ бо тренингҳо ва чорабиниҳои дар доираи лоиҳа дар давраи ҳисоботӣ гузаронидашуда шинос шуданд. Инчунин, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин «Раванди коркарди натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)» бо маърӯза баромад намуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа аз рўи ҳар як масъалаи муҳокимашуда қарорҳо қабул карда шуданд. Инчунин, аъзои Кумитаи роҳбарӣ нақшаҳои пешакиро дар доираи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2023 баррасӣ намуданд. Ҳадафи лоиҳа рушди иқтидори миллии Тоҷикистон дар бораи истифодаи омори демографй барои такмил додани пешгуии дарозмуддат, мебошад. Иҷрокунандагони лоиҳа Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии назди ВММШҶТ, Агентии омори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти иқтисодиёд ва демографияи АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.




0 комментария к “Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...