Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ 69-УМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

ҶАЛАСАИ 69-УМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори соҳаи меҳнат таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо дарназардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» Ҷаласаи 69-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Шурои мазкурро бар уҳда дошт.

Дар кори Шуро масъалаҳои муҳими омории давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти омори давлатҳои аъзо ва нақшаҳои минбаъдаи Кумитаи омори ИДМ қабул карда шуданд.

Инчунин дар раванди ҷаласаи мазкур масъалаҳои ташаккул ва роҳҳои муосири паҳннамоии саривақтии иттилооти оморӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷиҳати баландбардории сатҳи қаноатмандии истифодабарандагони маълумоти оморӣ, амалияи мавҷуда дар самти таҳиянамоии маълумоти омори расмӣ дар давлатҳои узв ва татбиқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ аз Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, Ташкилоти байналмилалии Меҳнат, (ТБМ), Шуъбаи омори Комиссияи иқтисоди Аврупоии СММ ва дигар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ дар низоми омори давлатҳои ИДМ матраҳ гардиданд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ 69-УМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...