Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ 69-УМИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ ВА ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ОМОРИ СОҲАИ МЕҲНАТ

ҶАЛАСАИ 69-УМИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ ВА ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ОМОРИ СОҲАИ МЕҲНАТ

Ба иттилои Шумо расонида мешавад, ки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 роҳбарии Шурои роҳбарони мақомотҳои омори давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба уҳда дошта, Ҷаласаи 69-уми Шӯро 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар кори Шӯро масъалаҳои муҳими омории давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти мақомотҳои омори давлатҳои аъзо ва нақшаҳои минбаъдаи Кумитаи омори ИДМ қабул мегарданд.

Дар баробари ин, рӯзҳои 29-31-уми майи соли 2024 баргузории Ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ дар мавзўи «Инкишофи омори меҳнат бо дарназардошти қарорҳои 21-умин Конференсияи байналмилалии омори меҳнат» ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи лоиҳаи рўзномаи чорабинии болозикр, дар кори ҷаласа иштироки намояндагони воломақоми Ташкилоти байналмилалии меҳнат, Комисияи иқтисодии аврупоии СММ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, роҳбарони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ, кормандони илмии самти соҳаи меҳнат ва як қатор коршиносони байналмилалӣ дар назар аст.

Дар рафти ҷаласа дар назар аст, ки масъалаҳои марбут ба пайгирии навгониҳои илмӣ дар раванди гузариш ба стандартҳои нави омори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва таъсири он ба ҷараёнҳои муҳоҷират, мақом дар шуғл ва ченкунии даромад аз шуғл ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ баррасӣ гарданд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ 69-УМИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ ВА ҶАЛАСАИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ОМОРИ СОҲАИ МЕҲНАТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...