06.07.26
Дар моҳҳои январ–майи соли 2026 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии ҷумҳурӣ истеҳсоли як қатор маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми баъзе навъҳои маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт
Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 91 ҳазору 167 тонна ғалладонагиҳо, аз ҷумла 69 ҳазору 881 тонна гандум, 47 ҳазору 796 тонна картошка, 299 ҳазору 807 тонна сабзавот, 51 ҳазору 101 тонна полезӣ, 46 ҳазору 564 тонна мева ва 148 ҳазору 997 тонна хӯроки чорво (ба ҳисоби воҳиди хӯрока) истеҳсол шудааст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 истеҳсоли картошка 16,2 фоиз, мева 4,5 фоиз ва полезӣ 2,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, истеҳсоли сабзавот 10,2 фоиз, хӯроки чорво 3,7 фоиз ва ғалладонагиҳо 2,0 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар таркиби маҳсулоти истеҳсолшуда 162 ҳазору 95 тонна пиёз, 23 ҳазору 928 тонна зардолу ва 3 ҳазору 165 тонна себ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон, то 1 июни соли 2026 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 383 ҳазору 203 гектар кишти зироатҳои баҳориро анҷом додаанд, ки ин ба 96,8 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.
Аз ҳаҷми умумии кишт, 91 ҳазору 999 гектар ба ғалладона ва лубиёӣ (бе ҷуворимакка), 9 ҳазору 540 гектар ба ҷуворимакка барои дон, 172 ҳазору 963 гектар ба зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 159 ҳазору 461 гектар ба пахта, 33 ҳазору 176 гектар ба картошка, 26 ҳазору 681 гектар ба сабзавот, 14 ҳазору 434 гектар ба полезиҳои озуқаворӣ ва 34 ҳазору 341 гектар ба зироатҳои хӯроки чорво рост меояд.
0 комментария к “Истеҳсоли картошка ва мева дар Тоҷикистон афзоиш ёфт”