29.05.25
Аз 25-ум то 29-уми майи соли 2025 Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, мақомоти омори давлатӣ, сайёҳӣ, консулгарӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии инноватсия ва иқтисоди рақамӣ ва намояндаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ бо мақсади омӯзиши пешбурди омори сайёҳӣ, амалияи баҳисобгирии вуруду хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ, ташаккули индикаторҳои асосии мониторинги Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои солҳои 2023-2026 бо сафари корӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд.
Дар доираи барномаи кории сафар, табодули таҷриба оид ба амалияи ташаккули нишондиҳандаҳои тамоюли рушди сайёҳӣ дар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифта, раванди баҳисобгирии теъдоди ташрифи сайёҳони хориҷӣ, омори сайёҳони дохилӣ, ҳисобҳои ёрирасони сайёҳӣ дар низоми системаи ҳисобҳои миллӣ, саҳми сайёҳӣ дар ММД, сармоя ба бахши сайёҳӣ ва дигар ҷанбаҳои баҳисобгирии соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти баргузории мулоқоту машваратҳо доир ба амалияи омории мавҷудаи ташаккули омори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизмҳои амалкунанда ва таҷрибаи гузаронидани таҳқиқоти интихобии оморӣ оид ба оморӣ сайёҳӣ табодули афкор карда шуд.
Дар натиҷаи баррасии мавзӯъҳои дахлдори соҳавӣ самтҳои афзалиятнок ва усулу методологияи такмили омори сайёҳӣ, инчунин нақша-чорабиниҳои татбиқшаванда доир ба мукаммалгардонии баҳисобгирии вуруди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва хуруҷи шаҳрвандон аз рӯйи таснифи мақсадҳо, гузаронидани таҳқиқоти оморӣ ва даврияти онҳо ва дигар паҳлуҳои раванди омори сайёҳӣ мушаххас гардиданд.
0 комментария к “ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСА ОИД БА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД”