Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРШИНОСОН ОИД БА ОМОРИ КӮДАКОН

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРШИНОСОН ОИД БА ОМОРИ КӮДАКОН

Аз 4 то 6 марти соли 2026 дар шаҳри Женева ҷаласаи коршиносони Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва ЮНИСЕФ оид ба омори марбут ба кӯдакон бо иштироки намояндагони мақомоти миллии омор, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ташкилотҳои байналмилалӣ ва мутахассисони техникӣ аз кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Амрикои Шимолӣ барои беҳтар намудани сифат, дастрасӣ ва қобили муқоисаи байналмилалии омори марбут ба кӯдакон баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват , сармутахассиси Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Олимзода, ва мутахассиси дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Шукуфа Ибодова, дар чорабинӣ иштирок намуда, сиёсати давлатӣ дар самти рушди омори кӯдаконро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, вобаста ба татбиқи «Харитаи роҳ оид ба беҳтар намудани омори марбут ба кӯдакон дар Тоҷикистон», таҷрибаи давлат оид ба тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, беҳтар намудани сифати маълумоти маъмурӣ ва ҳамгироии нишондиҳандаҳои марбут ба кӯдакон ба низоми миллии маълумотӣ маърӯза пешниҳод карда шуд.

Асо Нурулло Асват дар ҷаласа аз ҷониби Тоҷикистон баромад намуда, нақши ин чорабиниро барои ҳамоҳанг сохтани методологияҳо, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии оморӣ ва ташкили низоми қавитари миллии маълумот оид ба масъалаҳои марбута муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корӣ доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи Харитаи роҳ оид ба беҳтар намудани омори марбут ба кӯдакон дар Тоҷикистон, дар ин замина, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, навсозии равандҳои ҷараёни маълумоти маъмурӣ, баланд бардоштани сифати иттилоот, ҳамгироии нишондиҳандаҳои марбут ба кӯдакон ба низоми миллии маълумот муфссал маърӯза намуд.

  • Чорабинии мазкур мавзӯъҳои асосиро дар бар мегирифт:

Омори кӯдакони дорои маъюбият;

кӯдакон дар нигоҳубини алтернативӣ;

зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон;

ченкунии саломатии равонӣ;

инчунин паҳн ва истифодаи омори марбут ба кӯдакон.




0 комментария к “ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРШИНОСОН ОИД БА ОМОРИ КӮДАКОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон