Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Хуршед ҚОСИМОВ: Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва иқдомҳои лозимӣ, бахши кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола рушд ёфта истодааст

Хуршед ҚОСИМОВ: Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва иқдомҳои лозимӣ, бахши кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола рушд ёфта истодааст

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста ба масъалаи ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи оқилонаи замин, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъйиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини муттасили бозори дохилӣ таъкид менамоянд.

Тибқи иттилои Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор, дар натиҷаи ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти ҳисоботҳои оморӣ муайян гардид, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ дар сатҳи 105,0 дарсад таъмин гардид.

Хуршед Қосимов, сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва иқдомҳои лозимӣ, бахши кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола рушд ёфта, давоми моҳҳои январ – июли соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ ба 32 миллиарду 260,1 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 5,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 21 миллиарду 228,7 миллион сомонӣ, ё 1,9 фоиз ва чорвопарварӣ бошад, 11 миллиарду 031,4 миллион сомонӣ ё 11,4 фоиз зиёд аст.

Ба иттилои Хуршед Қосимов дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 54,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 17 миллиарду 600,5 миллион сомонӣ ё 104,1 фоиз нисбати соли гузашта баробар гардидааст.

Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 14,4 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд ба 20,8 фоиз, Хатлон 11,9 фоиз, ВМКБ 6,6 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 11,4 фоиз рост меояд.

Аз ҷумла, дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 38,8 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 46,8 фоизро ташкил додааст.

“Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор бо дарки аҳамияти соҳаи кишоварзӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳамеша талош менамояд, ки ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти ҳисоботҳои марбут ба ин бахшро дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонад” – баён дошт Хуршед Қосимов.




0 комментария к “Хуршед ҚОСИМОВ: Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва иқдомҳои лозимӣ, бахши кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола рушд ёфта истодааст

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон