07.05.25
Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватаниву воридотивазкунанда ва дар умум таъмини зиндагии шоистаи мардум, гузариш ба самти рушди устувори иқтисодиёти миллӣ тавассути саноатикунонии босуръат дар кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Зеро татбиқи ҳадафи саноатикунонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ташкили корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо истифода аз технологияҳои нави инноватсионӣ афзоиши истеҳсоли моддиро таъмин намуда, боиси рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегардад.
Ҳамин аст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба беш аз 133,3 дарсад расид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 8 миллиард 418,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нарх 2,3 миллиард сомонӣ бештар аст.
Бино ба иттилои сардори Сарраёсати омор дар ин давра аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 48,9 фоиз ба саноати истихроҷ, 44,6 фоиз ба саноати коркард, 6,1 фоиз ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 0,4 фоиз ба таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа рост омадааст.
“Дар вилоят 1242 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ки аз он 38 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 801 корхона ё 64,5 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сатҳи истеҳсолотро баланд бардошта, 221 адад ё 17,8 фоиз корхонаҳо сатҳи истеҳсолро паст намудаанд. Айни замон, 220 адад ё 17,7 фоиз корхона бо сифр ҳисобот пешниҳод намуда, аз он 44 адад ҳамчун корхонаҳои аз фаъолият бозмонда арзёбӣ мегарданд” – гуфт Накҳатзода.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нисбати семоҳаи аввали соли гузашта 2,2 фоиз зиёд гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли хӯроки чорво – 3,0 баробар, равғани растанӣ – 34,1 фоиз, хӯроки паранда – 20,6 фоиз ва орд – 19,8 фоиз ба амал омадааст.
0 комментария к “Ҳокимбек НАКҲАТЗОДА: Суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 133,3 дарсад расид”