Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МУНТАЗАМ МЕАФЗОЯД

ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МУНТАЗАМ МЕАФЗОЯД

Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар шароити имрӯза буда, аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Имрӯз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ низ ба он равона карда шудааст, ки ҳар порча замин ва рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда шуда, маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд бардошта шаванд.

Ҳамчунин яке аз ҳадафҳои стратегӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун кардани иқтидори содиротии мамлакат таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти ғизоӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

  • Дар ин самт нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳаи кишоварзии мамлакат нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам меафзояд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар панҷ моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 8 миллиарду 557,6 миллион баробар гардид, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,8 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 110,2 (3 млрд.248,5 млн.сомонӣ) ва 104,8 (5 млрд. 309,1 млн. сомонӣ) фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 13,9 фоизро ташкил дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 34,5 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост омадааст.

Инчунин дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 51,6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 97,0 фоиз, вилоятҳои Суғд 59,5 фоиз, Хатлон 42,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 68,9 фоизро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар моҳҳои январ – майи соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 85048 тонна ғалладонагиҳо (гандум 77567 тонна), 46672 тонна картошка, 415975 тонна сабзавот (пиёз 271640 тонна), 10560 тонна полизӣ, 28417 тонна мевагиҳо (аз ҷумла 2299 тонна себ ва 16063 тонна зардолу) ва хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 156108 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта картошка 17,2 фоиз, сабзавот 11,7 фоиз, полизӣ 3,4 фоиз, мевагиҳо 6,3 фоиз ва хӯроки чорво 4,3 фоиз зиёд шудааст.

То 1 июни соли соли ҷорӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 202263 гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз замини умумии кишт 51383 гектар кишти зироатҳои ғалладона ва лубиёӣ (бе ҷуворимакка), 4781 гектар ҷуворимакка барои дон, 99060 гектар зироатҳои техникӣ (аз ҷумла 91621 гектар пахта), 13845 гектар картошка, 10307 гектар сабзавот, 52,0 гектар сабзавот барои тухмӣ, 6544 гектар полизиҳои озуқаворӣ ва 16290 гектарро зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон то 1 июни соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2 миллиону 699,6 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,5 ҳазор сар ё 4,7 фоиз зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7 миллиону 066,4 ҳазор сарро ташкил дода, 498,8 ҳазор сар ё 7,6 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз саршумори умумӣ 93,4 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 81,1 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 6,1 фоиз, Суғд 5,7 фоиз, ВМКБ 0,5 фоиз ва НТҶ 2,0 фоиз зиёд гардидааст.




0 комментария к “ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МУНТАЗАМ МЕАФЗОЯД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...