Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ МОҲИПАРВАРӢ 45,1 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД

ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ МОҲИПАРВАРӢ 45,1 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД

Дар 4 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 45,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентии омор, дар чор моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ сайди моҳӣ 1585,1 тоннаро дар бар мегирад. Дар ин давра сайди моҳӣ дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 958,1 тонна, Суғд 399,1 тонна, ВМКБ 0,4 тонна ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 227,5 тоннаро ташкил додааст.

Аз ҳаҷми умумии сайди моҳӣ 622,4 тонна намуди пешониғафси сафед (толстолобик), 170,6 тонна — зағорамоҳӣ (сазан), 198,9 тонна — гулмоҳӣ, 200,7 тонна — амури сафед, 2,3 тонна — суфмоҳӣ ва 390,2 тоннаро дигар намуди моҳиҳо ташкил медиҳад.

Хароҷоти истеҳсолии хоҷагиҳо барои парвариши моњӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ дар ин давра 3,7 миллион сомониро ташкил додааст.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гўшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст.




0 комментария к “ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ МОҲИПАРВАРӢ 45,1 МИЛЛИОН СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон