Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 40,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 40,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД

Дар ҳашт моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 40 миллиарду 281,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 23,5 фоиз таъмин гардидааст.

Саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Ба иттилои масъулин дар ин давра омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 6,1 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 11 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 7,5 фоиз ба амал омадааст.

Амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки дар ҳашт моҳи соли 2025 суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 133,5 фоиз, вилояти Хатлон 106,1 фоиз ва шаҳри Душанбе 120,6 фоиз баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 113,6 фоиз ва ВМКБ ба 106,4 фоиз баробар гардид.

Дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд 60,9 фоиз ва Хатлон 19,6 фоиз афзалият доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 3912 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 353 адад, коркард — 3384 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 103 адад фаъолият намудаанд.




0 комментария к “ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА 40,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон