Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ОМОРИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ПЕКИН ИШТИРОК ДОРАД

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ОМОРИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ПЕКИН ИШТИРОК ДОРАД

Сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омор Фирдавс Асматбекзода ва муовини сардори Раёсати омори савдо ва хизматрасонии Агентӣ Қосим Файзализода дар семинари сатҳи байналмилалӣ оид ба Омори Осиёи Марказӣ, ки аз 20 то 26 июн дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор мегардад, иштирок доранд.

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ин андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати маълумотҳои омори расмӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ бо низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии омори расмӣ ва истифодаи захираҳои инсонӣ дар раванди таҳияи маълумотҳои оморӣ ба ҳисоб меравад.

  • Дар ҷараёни семинар масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

– татбиқи методологияи муосири омори байналмилалӣ бо назардошти хусусиятҳои миллӣ дар низоми миллии омор;

-ҷоринамоии пурраи таснифотҳои байналмилалӣ марбут ба соҳаи саноат дар низоми милии омор;

-ҳамгироӣ ва муқоисапазирии маълумоти оморӣ бо маълумотҳои омории мамлакатҳои аъзо;

– татбиқ ва роҳандозии зеҳни сунъӣ дар баҳисобгирии оморӣ;

Ҳайати Тоҷикистон оид ба таҷрибаи миллии омори кишвар ҳамзамон доир ба равандҳои рушди соҳаи омор, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ҷамъоварии маълумот ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон маъруза намуд.




0 комментария к “ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ОМОРИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ПЕКИН ИШТИРОК ДОРАД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон