Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ФАЪОЛИЯТИ ЗАНОН ДАР МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ НАЗАРРАС АСТ

ФАЪОЛИЯТИ ЗАНОН ДАР МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ НАЗАРРАС АСТ

“Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таҳлили раванди иҷрои вазифаҳои қаблан тарҳрезишуда самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян гардида, дар мавриди пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти бахшҳои гунонгуни ҳаёти ҷомеа вазифаву барномаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Паёми Сарвари давлат аз рукнҳои муҳими давлатдории миллии мо мебошад ва ироаи ин санади муҳим аз тарафи Пешвои муаззами миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар воқеан тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ гардидани ормону таманниёти таърихии мардуми шарифи тоҷик мебошад.

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, доир ба нуқтаҳои гуногуни он ибрози андеша карда мешавад.

Дар ҷараёни мулоқоту суханрониҳои хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мавриди интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ёдовар шуда, ҳамеша таъкид менамоянд, ки баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеаи озоду соҳибистиқлол ва демократии мо яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Воқеан, Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид кард. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модарӣ, рисолати ҳамсарӣ рисолати кор дар мақомоти давлатӣ ва роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти зарфияти фитриву зеҳнии зани тоҷик имкон дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.

Таҳлили фаъолияти занон дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрӯз раванди рушди демократикунонии ҷомеа бечунучаро тақозо менамояд, ки чи дар идоракунӣ ва чи дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсиятҳо гардад.

  • Дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки:

– Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

– Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Албатта, ин дастовардҳои назаррас дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст.

Ба тавсиб расидани як силсила фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, қабули консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, ки ҳама аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба ин масъала башорат медиҳанд, боис гардиданд, ки иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат таъмин гардида, мо симои нави зани тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Ба ин суханон, Фармони Сарвари давлат аз 3 декабри соли 1999, таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» дар соли 2004, Қарор «Дар бораи нақши миллии чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар солҳои 1998-2005 » аз 10-уми сентябри соли 1998, Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлати оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробарии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳои 2001-2010» ва ғайраро метавон мисол овард.

Натиҷаи ҳамин иқдомоти дурбинона буд, ки имрӯз саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Чӣ тавре, ки дар Паёми қаблӣ таъкид шуда буд, ҳоло дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 71 фоизи комрандонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Албатта, ин соҳаҳо барои намуна буда, фаъолияти густардаи занон дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми бахшҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ба таври назаррас ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла, бояд гуфт, ки дар мақомоти омори давлатӣ низ шумори зиёди занону бонувони кордону босалиқа фаъолияти самарабахш дошта, дар пешрафти ин соҳа саҳми назаррас мегузоранд. Ба ҳолати якуми марти соли дар мақомоти омори давлатӣ беш аз 182 нафар занон кору фаъолият намуда, 40 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил додаанд, ки 31 нафари онҳо дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба зимма доранд.

Мавриди зикр аст, ки имсол аз тарафи роҳбарияти Агентии омор ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 апрели соли 2022 “Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2020-2030” иқдоми амалӣ гирифта шуда, дар ҳоли татбиқшавӣ қарор дорад.

Бовар дорем, ки мавқеи зан дар ҷомеаи мо ҳама сола боло хоҳад рафт, зеро ба ин масъала Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Чӣ тавре, ки дар Паёми навбатӣ таъкид шуд:

“Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”.




0 комментария к “ФАЪОЛИЯТИ ЗАНОН ДАР МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ НАЗАРРАС АСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...