Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ТОҶИКИСТОН БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУТОБИҚ ГАШТААСТ

ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ТОҶИКИСТОН БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУТОБИҚ ГАШТААСТ

Ҳар як давлат барои ба таври самаранок роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва қабули қарорҳои дуруст ба маълумоти боэътимоду воқеъбинона ниёз дорад ва дар ин самт мақомоти омори давлатӣ нақши асосиро мебозад, зеро маҳз тавассути омори расмӣ мо метавонем суръати рушди иқтисод, сатҳи зиндагии аҳолӣ, тағйироти демографӣ ва дигар равандҳои муҳими иҷтимоиро таҳлилу баррасӣ намоем.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти омор ҳамчун яке аз ниҳодҳои калидии давлатӣ рушду таҳаввулоти чашмрас дошт. Бо таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлат ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи омор ба марҳалаи сифатан нави фаъолият ворид гардида, имрӯз пешниҳоди омори расмии кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Ҳамасола 20-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии омор ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо иди касбии кормандони мақомоти омор, балки рӯзи қадршиносии заҳмати шабонарӯзии онҳое мебошад, ки бо рақамҳо, таҳлилҳо ва ҳисобу китобҳо кор карда, барои рушди устувори давлат заминаи боэътимоди иттилоотӣ фароҳам меоранд.

Имрӯз зарурати доштани маълумоти саҳеҳ ва таҳлилҳои амиқ аз ҳар вақти дигар бештар эҳсос мешавад. Аз ин лиҳоз, нақши мақомоти омор дар таҳияи барномаҳои давлатӣ, дурнамоҳои иқтисодӣ ва арзёбии сатҳи некуаҳволии мардум бисёр назаррас аст.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии омор мо тасмим гирифтем бо Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати дастовардҳо, таҷрибаҳои муосир, ва дурнамои соҳа суҳбати ихтисосие анҷом диҳем.

– Муҳтарам раис, нахуст пурсидан мехоҳем, ки татбиқи рақамикунонӣ дар мақомоти омори давлатӣ ва раванди амалисозии он дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Татбиқи пурраи рақамикунонӣ яке аз ҳадафҳои калидии фаъолияти мақомоти омори давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар самти гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва ба ин васила дар амалишавии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми декабри соли 2024-ум баён шуданд, иқдомҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.

Барои татбиқи рақамикунонӣ дар соҳа се марҳила муайян гардидаанд. Дар ин раванд гузаштан ба модели идоракунии электронӣ тавассути муросилоти ҳуҷҷатҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва гузариши пурра ба ҳисоботҳои электронӣ ба нақша гирифта шуда, марњила ба марњила амалї шуда истодааст.

– Гузариш ба ҳисоботи электронӣ яке аз самтҳои муҳими рақамикунонӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷода то имрӯз чӣ корҳо анҷом ёфтаанд ва чӣ монеаҳо мавҷуданд? Ва ҳамчунин амалисозии пурраи он чӣ натиҷаҳо ба бор меорад?

– Низоми ҷамъоварӣ ва коркарди 231 шакли ҳисоботи оморӣ, ки аз онҳо 131 шакли ҳисоботи омори давлатӣ ва 100 шакли ҳисоботи байниидоравиро ташкил додаанд ба пуррагӣ бо усули электронӣ роҳандозӣ карда шуд. Айни замон раванди корҳо дар самти интегратсияи маълумотҳои оморӣ бо вазорату идораҳо идома ёфта истодааст, ки дар ин самт як қатор мушкилиҳо аз қабили насб нагардидани таҷҳизотҳои муосир (серверҳо) ва таҳияи барномаи махсуси амалӣ, нармафзорҳо дар вазорату идораҳо мушоҳида мегардад.

Мусаллам аст, ки роҳандозии ин низом барои тақвияти минбаъдаи низоми омори миллӣ ва таъмини эътимоднокии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар такон бахшида, натиҷаҳои мусбии худро, хоҳад дод. Инчунин ба ҳисоботсупорандагон имконият фароҳам овард, ки дар доираи дастурамали шаклҳои ҳисоботи оморӣ бо ворид шудан ба утоқи шахсӣ, дархости электрониро хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба мақомоти омор ҳисобот манзур намоянд. Татбиқи электроникунонии шаклҳои ҳисоботи оморӣ, монеаҳои муносибати байни мақомот ва шаҳрвандонро сифатан ва миқдоран кам ва дар пешгирии омилҳои инсонӣ мусоидат намуда, сатҳи пешрафт ва дараҷаи дақиқияту эътимоднокиро баланд мебардорад.

– Раванди рақамикунонии китобҳои ҷамоатҳои деҳот чӣ гуна сурат мегирад ва татбиқи он чӣ гуна натиҷаҳо дода истодааст?

– Чӣ тавре, ки қаблан ҳам гуфта будем, бо мақсади рақамикунонии низоми омори миллӣ ва беҳтар намудани идоракунии иттилоотии аҳолӣ дар сатҳи маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан гузариш ба усули электронии нигоҳдории китобҳои ҷамоатҳои деҳот роҳандозӣ гардида истодааст.

Ин китобҳо, ки анъанавӣ дар шакли коғазӣ сабти маълумоти асосӣ оид ба аҳолӣ, ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳаракати аҳолӣ ва дигар иттилооти муҳими иҷтимоиро дар бар мегиранд, акнун бо истифода аз нармафзорҳои махсус ва базаҳои электронии иттилоот ба таври рақамӣ нигоҳдорӣ ва навсозӣ гардиданд. Татбиқи чунин усул самараи муҳим дар таъмини дақиқӣ ва саривақтии маълумот, коҳиш додани хатогиҳои инсонӣ ва такрории иттилоот, фароҳамсозии дастрасии зуд ва осон ба маълумот барои мақсадҳои оморӣ ва идоракунӣ ва њамгироӣ бо дигар низомҳои иттилоотии давлатӣ, аз ҷумла САҲШ (сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) дода истодааст.

– Дар самти баҳисобгирии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ бо истифода аз технологияҳои муосир чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

– Бо мақсади баҳисобгирии саривақтӣ ва таъмини дурустии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ ҷамъоварии омор бо истифода аз планшет ва барномаи Price Tool, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Озуқа ва Кишоварзӣ (ФАО) тарҳрезӣ шудааст, роҳандозӣ гардидааст. Бақайдгирии ҳафтаинаи нархҳо низ дар доираи ин барнома амалӣ мешавад.

Дар ин замина, нархи миёнаи маҳсулоти озуқаворӣ, машруботи спиртӣ, сӯзишворӣ ва қурби асъор аз 25 шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мегардад ва маълумоти мазкур бо се забон дар сомонаи Агентии омор пешкаш карда мешавад.

– Табиист, ки пешрафти ҳар соҳа ба кадрҳои соҳибтаҷриба вобастагӣ дорад. Дар самти баланд бардоштани малакаи кормандон дар ин давра кадом иқдомҳо амалӣ гардиданд?

– Бо мақсади баланд бардоштани ихтисос ва малакаҳо мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотии мақомоти омори давлатӣ ба таври пайваста дар курсҳои омӯзишӣ иштирок менамоянд. Аз ҷумла дар чанд соли охир кормандони мо дар ин давраҳои омӯзишӣ ширкат варзиданд:

– семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Маълумоти калон (Big date) барои омори расмӣ”, 14-17 ноябри 2023, ш. Ханчжоу, Чин;

– курси омӯзишӣ дар мавзӯи “Амалиёти маркази додаҳо” 11-13 декабри соли 2023, ш. Москва;

-курси омӯзишӣ дар мавзӯи “Телекоммуникатсия ва шабакаҳо дар марказҳои маълумот” 13-15 майи соли 2024, ш. Москва;

– SAE бо истифода аз семинари маълумот оид ба мушоҳидаи Замин – Бангкок 21-25 октябр аввалин вебинари Sprint оид ба AI ва маълумот барои омори иқтисодӣ;

– семинари минтақавии омӯзишии SDMX, ш. Истанбул, Туркия, 4-6 декабри 2024;

– курси омӯзишӣ VMware vSphere: Насб, конфигуратсия, идоракунӣ, 10-14 феврали 2025, ш. Боку

Ин гуна курсҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар баргузор гардида, ба мутахассисон имконият медиҳанд, ки донишу малакаи худро бо талаботҳои муосири рақамӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ созанд.

– Воқеан, бо ҳадафи ислоҳоти соҳа дар Агентӣ гурӯҳи махсуси корӣ таъсиси дода шудааст ва ин гурӯҳ ба шаҳру навоҳии кишвар рафта бевосита натанҳо бо кормандони омори маҳаллӣ, балки бо ҳисоботсупорандагон ҳам суҳбату машваратҳо мегузаронанд…

– Албатта, ин масъаларо ҳам бояд зикр намоем. Ҷиҳати рушди низоми омор ва фаъолияти самарбахши мақомоти омор дар сатҳи минтақаҳо бо супориши роҳбарияти Агентӣ гурӯҳи корӣ бо намояндагии мутахассисони соҳа аз Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарор”-и Агентӣ таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии ташкили гурӯҳи корӣ баргузории семинарҳои омузишӣ барои кормандони ҷамоатҳо оид ба тарзи дуруст пур намудани дафтари хоҷагиҳо, зарурати ҷамъоварии маълумотҳои дақиқу саривақтӣ дар сатҳи маҳал, банақшагирӣ ва амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳисоботсупорандагон, тарзи дуруст гузаронидани таҳқиқотҳои интихобӣ дар сатҳи ҷамоатҳо, хонапурии ҳисоботҳои аввалияи соҳаҳои гуногун ва дар маҷмуъ ислоҳоти соҳа мебошад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли равон гурӯҳи корӣ бо мақсади таъмини эътимоднокии ҳисоботҳои оморӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарҳои хизматӣ анҷом дода, вазъи воқеии таъмини эътимоднокии ҳисоботҳои омории соҳаи кишоварзӣ асосан нишондиҳандаи кишти воқеии картошка, бехпиёз ва сабзиро дар як қатор шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор дода, камбудиву норасоиҳоро ошкор ва бартараф кардани онҳоро талаб намуд.

Бовар дорем, ки таъсиси чунин гурӯҳҳо ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳисоботсупорандагону масъулони омори ҷамоату шаҳру ноҳияҳо барои таъмини шаффофияти маълумоти оморӣ ба таври ҷиддӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар самти гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ вобаста ба соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби мутахассисони мақомоти омор дар мавзуи “Ташаккули ҳисоботҳои омории соҳаи кишоварзӣ” барои роҳбарон, мутахассисони пешбарандаи соҳаи омори кишоварзии мақомоти маҳаллии омор ва ҳисоботсупорандагони соҳаи омори кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишиву машваратӣ баргузор карда шуданд ва дар ин самт корҳо идома доранд.

– Яке аз заминаҳои асосии татбиқи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти омори давлатӣ таҷҳизонидани базаи моддӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад…

– Албатта, бидуни таҷҳизоти муосир ва инфрасохтори рақамии устувор, гузариш ба шаклҳои электронии ҷамъоварӣ, коркард ва паҳнсозии маълумоти оморӣ ғайриимкон аст. Ба ин васила Агентии омор дар доираи лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор” Маркази коркарди маълумотҳо (МКМ) таъсис додааст, ки ин марказ аз 7 адад серверҳои нави замонавӣ, 2 адад файервол, 2 адад свичҳои марказї ва 2 адад низоми нигоҳдории маълумотҳо (СХД) фаъолият доранд. Барои таъмини фаъолияти мунтазам МКМ ба дизел-генератор ва UPS пайваст карда шудааст, ки ҳангоми қатъ гардидани нерўи барқ, метавонад то 24 соат фаъолият намояд. Айни замон ҳамаи барномаҳои электронии Агентии омор дар МКМ фаъолият карда истодаанд.

Инчунин барои таъмини бехатарии махзани маълумотҳо ва фаъолияти мунтазами барномаи ҳисоботи электронӣ дар Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, Маркази захиравии коркарди маълумотҳо (МЗКМ) низ омода карда шуд. Дар МЗКМ 6 адад серверҳои нави замонавӣ, 2 адад файервол, 2 адад свичҳои марказӣ ва 2 адад cистемаи нигоҳдории маълумотҳо (СХД) фаъолият дошта ба дизел-генератор ва UPS пайваст карда шудааст. Ин 2 маркази коркардҳо бо ҳам бо шабакаи дохилии VPN пайваст карда шуда, маълумотҳо тариқи автоматӣ дар МЗКМ бойгонӣ карда мешаванд.

– Гуфта мешавад, ки барои баҳисобгирии пахта низ механизми нав бо истифода аз калиди рақамии “токен” роҳандозӣ гардидааст. Метавонед тавзеҳ диҳед, ки ин низом чӣ гуна амал мекунад?

– Қобили зикр аст, ки пахта яке аз маҳсулоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун ашёи хоми асосӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ нақши ҳалкунанда дорад. Нахуст бояд бигӯям, ки бо мақсади таъмини дурустӣ ва воқеии кишти пахта якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ченаки назоратии кишти пахта гузаронида шуд, ки дар натиҷа ҳолатҳои мувофиқат накардани маълумоти кишти пахта ошкор карда шуданд.

Бо ҳадафи ислоҳи камбудиҳо дар сатми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ ва бо дарназардошти аҳамияти баланди ин соҳа, мақомоти омор бо мақсади ба танзим даровардани низоми дурусти баҳисобгирии оморӣ, мукаммалсозии равандҳои ҷамъоварии маълумот ва инъикоси воқеии истеҳсолу коркарди пахта, механизми нави баҳисобгирии электронӣ бо истифода аз калиди рақамии «токен»-ро дар корхонаҳои саноатӣ пурра роҳандозӣ намуданд.

Ин раванд ба баланд бардоштани дақиқӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ мусоидат менамояд. Маълумотҳо бевосита аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва бе дахолати мақомоти миёнарав ба махзани иттилооти Агентии омор ворид мегарданд, ки ин ба коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ ва эҳтимоли коррупсионӣ мусоидат мекунад.

Илова бар ин, татбиқи механизми мазкур барои як қатор ҳадафҳо имконият фароҳам меорад:

• таъмини шаффофият дар ҷамъоварии маълумот;

• мониторинги пурраи раванди қабули пахта, коркард ва содироти он;

• беҳсозии нишондиҳандаҳои воридоти андоз ва ғанигардонии буҷети давлатӣ.

Ҳамин тариқ, истифодаи калиди рақамӣ дар баҳисобгирии пахта як қадами муҳими стратегӣ дар самти рақамикунонии соҳа ва таъмини шаффофияти маълумоти оморӣ ба шумор меравад.

– Лутфан бигӯед, ки дар доираи лоиҳаи “Навсозии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” барои рақамикунонии ҳуҷҷатгузорӣ кадом барномаҳои электронӣ ҷорӣ шудаанд ва онҳо чӣ гуна ба самаранокии кор таъсир мерасонанд?

– Дар доираи Лоиҳаи “Навсозии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” барномаи муосири идораи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ — Bitrix24 — харидорӣ ва ба таври самаранок ҷорӣ карда шудааст. Айни ҳол, тамоми ҳуҷҷатгузории дохилии Агентӣ тавассути ин барнома ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст. Њамчунин бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро густариш дода, барои ҷорӣ намудани Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (ЭДО) чораҷӯӣ намуда истодааст. Моҳи июни соли 2025, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа, семинари омӯзишӣ оид ба истифодаи низоми ЭДО баргузор гардид ва ҳамаи кормандони Агентӣ бо логин ва пароли инфиродӣ барои дастрасӣ ба барнома таъмин карда шуданд.

– Дар мавриди ҳамкориҳои Агентӣ бо мақомоти омори кишварҳои хориҷӣ маълумот медодед…

– Албатта, ҳамкориҳои бйаналмилалии Агентӣ дар як соли гузашта ба таври назаррас густариш ёфтанд. Дар оғози соли ҷорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Эрон Ёддошти тафҳоум таҳия ва дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон ба имзо расид. Ҳамзамон дар ин давра Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии омор ва Барномаи озуқавории Ҷаҳонии СММ ба имзо расида, ҳамкориҳо барои мубодилаи малумот ва таҳияи нишондиҳандаҳои оморӣ шуруъ гардидааст.

Дар бароробари ин, пас аз вохӯриҳои Директори Агентии омор бо роҳбарияти мақомоти омори Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия, ки дар ҳошияи Ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории СММ амалӣ гардида буд, лоиҳаи ёддошти тафоҳум бо мақомотҳои омори давлатҳои болозикр омода гардидааст.

Ҳамчунин моҳи июни соли дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомоти омори Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Ӯзбекистон ва Кумитаи омори ИДМ ҷаласаи мутахассисони мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба беҳтар намудани таъминоти иттилоотии хадамоти миллии омори минтақа баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо мақсади густариши ҳамкории муштарак дар татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар фаъолияти оморӣ, таҳияи маълумоти кушод ва ташаккули он дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шакли оморӣ оиди равандҳои тиҷорат ва умуман дар татбиқи воситаҳои муосири коркард ва интиқоли иттилоот дар соҳаҳои гуногун, ташкил гардида буд.

Дар ин баробар, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол яке аз чорабиниҳоии муҳим дар низоми омори миллӣ – гузаронидани баҳогузории глобалӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалиро баргузор намуд. Ин баҳогузорӣ ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти оморӣ миллиро мавриди омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор дод. Бори охир баҳогузории глобалии низоми омори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 гузаронида шуда буд, ки натиҷаҳои он ва тавсияҳои коршиносон то ин вақт дар таҳияи стратегия ва барномаҳои рушди омори миллӣ истифода гардидаанд.

Ҳамчунин ҳамкориҳои мо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Чаҳонии Тандурустӣ, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия (TIKA) тақвият ёфтааст.

– Имрӯз сомонаи расмии Агентии омор бисёр фаъол аст ва хонандагони зиёд дорад. Дар самти рақамикунонии омор ва дастрасии иттилооти расмӣ, чӣ тадбирҳо барои такмили сомонаи Агентӣ ва нашри маҷмуаҳои оморӣ амалӣ шудаву чӣ натиҷаҳо додаанд?

Имрӯз воқеан сомонаи расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас такмил ёфта, ба як манбаи муҳим ва дастрас барои истифодабарандагони маълумоти оморӣ табдил ёфтааст. Айни ҳол аксари маълумотҳои таҳлилӣ, ҷадвалҳои оморӣ, маҷмуаҳо ва бюлетенҳои оморӣ дар сомона ҷойгир карда шуда, барои истифодаи умум дастрас мебошанд. Аз ҷумла, маърӯзаи ҳармоҳаи “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ мунтазам дар сомона нашр мешавад.

Дастрасии беҳтари маълумот дар сомонаи Агентӣ боиси беҳтар гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Индекси маълумотҳои кушод гардид. Соли 2025, Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ 56 хол ба даст оварда, миёни 195 давлат 26 зина боло рафт. Ин нишондиҳанда бозгӯи рушди шаффофият ва дастрасии оммавӣ ба маълумоти расмӣ мебошад.

Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2025, зиёда аз 60 ҳазор истифодабарандагон аз сомонаи расмии Агентӣ истифода намудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 маротиба зиёд мебошад.

– Иди касбӣ муборак, муҳтарам раис!

– Ташаккур барои суҳбати самимӣ.




0 комментария к “ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ТОҶИКИСТОН БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУТОБИҚ ГАШТААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон