Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Эълон ОИД БА ҶАЛБИ  МУТАХАССИСОН БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ БАРУЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 қабули мутахассисони зеринро эълон менамояд:

1. Мутахассиси IT барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020.

Ӯҳдадориҳо:

– таҳияи нақшаи амалисозии дастгирии система ва ҳамоҳангсозии

Терминалҳо ҳангоми коркарди маводҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

– иштирок дар корҳои ташкилӣ оиди кушодани Терминалҳо;

– ба мақомоти омори маҳаллӣ расонидани кумак барои ҳалли мушкилоти

дар Терминалҳо дучоршуда;

– омода намудани нишондод оид ба бартараф намудани хатогиҳо дар вақти

гузаронидани барӯхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  дар Терминалҳо;

– омӯзонидани ҳайати кормандони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба

ташкил намудани Терминалҳо;

– бурдани мониторинг дар вақти кори Терминалҳо;

– ташкили гуруҳи корӣ барои ҳалли мушкилот дар ҷараёни кори

Терминалҳо;

– ташкил ва ҷорӣ намудани шабакаи алоҳидаи коркарди маводҳои

барӯйхатгирии аҳолӣ;

– омӯзонидани мутахассисон барои рафъи камбудиҳо ҳангоми коркарди

маводҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил.

Талаботҳои тахассусӣ:

• маълумоти олӣ дар соҳаи IT ва барномасозӣ, ё соҳаи ба он алоқаманд.

• таҷрибаи корӣ дар ин соҳа зиёда аз 5 сол;

• дониши технологияи IT ва забонҳои асосии барномасозӣ;

• таҷрибаи идоракунии система;

• таҷриба дар соҳаи ташкили шабакаи маҳаллӣ;

• дониши аъло ва фаҳмиши барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил.

2. Мутахассиси ГИС  (харитасоз) барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Ӯҳдадориҳо:

   – сохтани нақшаи амал барои тадбиқи технологияи ГИС (низоми

иттилоотии ҷуғрофӣ) дар Агентии омор барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

– сохтани маълумотҳои ибтидоӣ оид ба татбиқи технологияҳои ГИС

(низоми иттилоотии ҷуғрофӣ) дар Агентии омор;

– истифодаи харитаҳои қоғазӣ барои ташкили маҳзани маълумот;

– бунёди ГИС (низоми иттилоотии ҷуғрофӣ) дар маҳалҳои шаҳрӣ (шаҳрҳои калон);

– таъсис додани сарҳадҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳо дар маҳзани малумотҳо;

– иштирок дар тартиб додани рӯйхати хонаҳо дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот;

– истифодаи маълумотҳо оид ба рӯйхати хонаҳо барои татбиқи технологияи ГИС (низоми  иттилоотии ҷуғрофӣ) дар Агентии омор;

– иштирок дар таҳияи нақшаи ташкилӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

– истифодаи маҳзани иттилоотии ГИС  (низоми  иттилоотии ҷуғрофӣ)  барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил;

–  истифодаи маҳзани иттилоотии ГИС  (низоми  иттилоотии ҷуғрофӣ) оид ба паҳн намудани маълумотҳои барӯйхатгирии ҳолӣ ва фонди манзил;

– ташкил ва омӯзонидани мутахассисон барои сохтан ва татбиқи технологияҳои ГИС (низоми  иттилоотии ҷуғрофӣ).

Талаботҳои тахассусӣ:   

•маълумоти олӣ дар соҳаи харитасозӣ;

• таҷрибаи ташкили маҳзани маълумотҳо ҷиҳати татбиқи технологияҳои ГИС (низоми  иттилоотии ҷуғрофӣ);

• дониши хуби технологияҳои ГИС (низоми  иттилоотии ҷуғрофӣ) (ArcGis 10.2 ва зиёда);

• таҷрибаи идоракунии система;

• таҷрибаи корӣ дар соҳаи харитасозӣ зиёда аз 5 сол;

• дониши аъло ва дарки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил.

3. Барномасоз барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Ӯҳдадориҳо:

– дастгирии техникии система ва тайёрӣ ба воридкуниии маълумотҳо;

– таҳияи тафсири-веб (веб-версия) саволнома барои гузаронидани бақайд-

гирии биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, саволнома барои гузаронидани  Интернет-пурсиш, саволнома барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар планшетҳо ва ҷойгир намудани он дар вебсайт барои пешниҳод намудан дар шакли электронӣ;

– таҳияи механизми пайгирии хонаводаҳо ва ашхосе, ки дар хонаводаи мазкур ҳангоми интернет-пурсиш зиндагӣ мекунад ва ҳисобкунии онҳо ҳангоми пурсиш дар планшетҳо;

– гузаронидани санҷиши маълумотҳо бо дастгирии техникии система ва ҳамроҳии  пурраи кори маҳзани маълумотҳо;

– омода намудани  вазифаҳои техникӣ оид ба таҳияи механизм ва тарҳрезии маълумотҳо ва якҷоя кардани маҳзани маълумотҳо дар системаи ягона;

– татбиқ намудани пуркунии маълумотҳо дар маҳзани ягонаи маълумотҳо;

– тартиб додани барнома барои коркард ва таҳлили маълумотҳои ба даст омада;

– барномасозии маҳзани маълумотҳо барои ба даст овардани ҷадвалҳои бароришӣ;

– бойгонии (архивация) маҳзани маълумотҳо.

Талаботҳои  тахассусӣ:

• маълумоти олӣ дар соҳаи барномасозӣ, ё ба ин соҳа наздик;

• таҷриба дар барномасозии маҳзани маълумотҳо аз рӯи тадқиқотҳои гуногун;

• дониши хуби забонҳои асосии барномасозӣ;

• таҷрибаи идоракунии система;

• таҷриба оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, ё дигар маъракаҳои калони оморӣ;

• дониши аъло ва дарки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд маълумотномаҳои (резюме) худро бо нусхаи диплом дар бораи таҳсил, нусхаи шаҳодатномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, то санаи 25 марти соли 2020, соати 16.00 ба  суроғаи зерин фиристанд: stat@tojikiston.com 

Маълумоти иловагиро бо телефонҳои: 221-37-21, 227-58-51, ё Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар 17 дастрас кардан мумкин аст.




0 комментария к “Эълон ОИД БА ҶАЛБИ  МУТАХАССИСОН БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ БАРУЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...