Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Эълон барои ҷалби мушовирони маҳаллӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби мушовирони маҳаллӣ оид ба ҷорӣ намудани Технологияҳои Иттилоотии Ҷуғрофӣ эълон мекунад.

Талаботҳои минималӣ:

-маълумоти олӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ;

-собиқаи корӣ аз 3 то 5 сол дар муассисаҳои геодезӣ ва харитасозӣ бо истифодаи ТИҶ; барномаи ARC GIS – 10.2;

– насб ва мавриди истифода додани ARC GIS Server 10.2;

– насб ва мавриди истифода додани ARC GIS Desktop 10.2;

– рақамикунони харита дар платформаи ARC GIS Desktop 10.2;

– таҳияи сомона барои паҳнкунии маълумотҳо дар асоси ARC GIS Server 10.2;

-малака оид ба истифодаи ТИҶ технология (планшет), дастгоҳҳои электронӣ ва дигар дастгоҳи барои омодасозии харитаҳои рақамии электронӣ;

-донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

– малакаи кор дар гуруҳ ва шароити ғайримуқаррарӣ.

Ҳамаи шахсони ҳавасманд метавонанд, маълумотномаи худро бо замимаи нусхаи дилом, сертификат ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият то соати 15-00 рузи 10 августи соли 2018 ба почтаи электронии stat@tojikiston.com бо сарлавҳаи «ТИҶ» ирсол намоянд.  Маълумоти иловагиро бо телефонҳои 221 37 21, 221 72 08 гирифтан мумкин аст.

Номзадҳои аз озмоиш гузашта моҳҳои август октябри соли 2018 ба кор ҷалб карда мешаванд.




0 комментария к “Эълон барои ҷалби мушовирони маҳаллӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...