Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Донор-митинг бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ

Донор-митинг бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ

23 ноябри соли 2018 дар бинои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донор – митинг бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар татбиқ ва пайгирии Ҳадафҳои рушди устувор  ширкат меварзанд, баргузор гардид.

Дар суханронии ифтитоҳи аз ҷониби Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Шодмон қайд карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби ҳама давлатҳои аъзоёнии Созмони миллали муттаҳид Рӯзнома доир ба рушди устувор то солҳои 2030 қабул шуд, ки дар заминаи он 17 Ҳадафҳои рушди устувор асос ёфтанд.

Ҳадафҳои рушди устувор шароитҳои гуногун, иқтидор ва сатҳи рушди  миллӣ, инчунин стратегияҳо ва афзалиятҳои миллиро ба инобат мегиранд.

Нишондиҳандаҳои мақсаднок дорои хусусиятҳои глобалӣ мебошанд, ва ҳамзамон ҳар як давлат мустақилона ҳадафҳои миллии хусусии худро дар зери дастури масъалаҳои глобалӣ, бо назардошти шароитҳои миллӣ муайян мекунад.

Ҳадафҳо ва вазифаҳо дар худ таркибҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро дар бар мегиранд ва робитаҳои дутарафа дар ҷараёни ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор дар ҳама ҷанбаҳо ба инобат гирифта мешавад.

Бояд қайд кард, ки махлумот оид ба ҲРУ бояд дар асоси усулҳои фундаменталии омори расмӣ, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ соли 2014 қабул шуда буд, ҷамъоварӣ карда шаванд.

Аз оғози соли 2015, ҳама давлатҳо фаъолона барои расидан ба ҲРУ ва пайгирии амалишавии он шурӯъ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои татбиқи ин ҳадафхо шурӯъ намуд.

Бо мақсади таъмини баҳисобгирии ҳаматарафи хусусиятҳои миллӣ ва афзалиятҳо дар ҷараёни татбиқи Рӯзномаи 2030, ва бо мақсади баҳисобгирии хусусиятҳои комплексӣ ва тақсимнопазири ҲРУ ва таъмини тавозуннокии ҳар се қисмати рушди устувор: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва кологӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори миллии ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шуд. Бояд қайд кард, к ибо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯро масъалаи мушаххас дар назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то 1 апрели соли 2019 таҳияи нишондиҳандаҳои миллии Ҳадафҳои рушди устувор гузошта шуд.

Милликунонии нишондиҳандаҳои глобалии ҲРУ ин равонакунии  сиёсате, ки дар асоси маълумотҳои оморӣ тақвият бахшидааст, аз ҷараёни дастрасӣ ба ҲРУ ва таъмини шарти асосӣ, ки ҳеҷ кас аз назар дур намемонад, бештар аз маълумотҳои босифат, дастрас, саривақтӣ, эътимодноки ҷузъикунонидашуда вобаста аст.

Баъдан аз ҷониби муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин намояи муфассал (презентация) доир ба нақши таъсиси Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва вазифаҳои он барои татбиқ ва пайгирии ҲРУ манзури ҳамагон гардид.

Қайд карда шуд, ки иҷрои пайгирии ҲРУ тариқи ҳамкории мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва инчунин ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушд ба нақша гирифта шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳои давлатӣ фаъолият оиди тартиб додани нишондиҳандаҳои милллии ҲРУ, ки дар асоси он низоми нишондиҳандаҳои миллӣ таҳия  ва пайгирӣ карда мешаванд, то ҳол оғоз карда нашудааст.

Зарур аст, ки аз шумораи намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ Гуруҳи корӣ барои таҳия намудани нишондиҳандаҳои миллии ҲРУ ва пайгирии онҳо таъсис дода шавад. Инчунин, Давлатзода Қ қайд намуданд, ки яке аз самтҳои асосӣ дар марҳилаи мазкур ҷамъоварӣ ва паҳнкунии нишондиҳандаҳои ҲРУ мебошад.  Яке аз масъалаҳои калидӣ дар ин самт мустаҳкам намудани иқтидории омории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории иштирокчиёни гуногуни ҷараёнҳои ҲРУ мебошад.

Раҷабова Нигина Саидовна – аъзои гуруҳи кории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайгирии ҲРУ намояи худро доир ба таҳлили вазъи кунунии фаъолияти Агентии омор бо мақсади пайгирии босифати ҲРУ ба ҳамагон пешниҳод намуд.  Аз ҷониби Раҷабова Н.С. қайд карда шуд, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми миллии нишондиҳандаҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мешавад, набудани маълумот ва методологияи ҷамъоварии онҳо мебошад. Маълумоти пурра танҳо доир ба 38 фоизи нишондиҳандаҳо дастрас буда, доир ба 22 фоизи нишондиҳандаҳо қисман маълумот мавҷуд буда, доир ба 40 фоизи нишондиҳандаҳо маълумот ва методология умуман мавҷуд нест.

Барои ноил гардидан ба ҲРУ усули идоракунӣ бояд таҳия карда шавад, ки он барои мураттаб ва ҳалли маҷмуии масъалаҳои татбиқи ҲРУ имконият медиҳанд: вусъат ва такмил додани истифодаи маълумотҳои маъмурӣ; вусъат додани интегратсия ва муносибатҳои шарикӣ бо мақомотҳои ва ташкилотҳои давлатӣ; вусъат додани интегратсия ва муносибатҳои шарикӣ бо шарикони рушд (ташкилотҳои кастодиалӣ); таҳияи созишнома байни Агентии омор ва гуруҳи дохили давлатии СММ (аз сабаби он, ки ба Гуруҳи кории назди Агентии омор ташкилотҳои кастодиалӣ шомил шуда наметавонанд);   беҳтар намудани алокаи пайгирии ҲРУ бо стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ бо мақсади ситифода намудани индикаторҳои ягона; муайян намудани стандартҳои ягона нисбати маълумотҳои оморӣ, чунки маълумотҳои маъмурӣ метавонанд як қатор норасоӣ, вобаста ба сифат ва тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳо дошта бошанд; истифода намудани усулҳои муосири кор бо маълумотҳо; такмил ва рушди технологияҳо.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби ширкаткунандагони ҷаласа  ду намояи пешниҳодкардашуда муҳокима шуд, алалхусус намояндаи ЮНФПА пешниҳод намуд, ки пеш аз ҳама Агентии омор пурра масъала ва вазифаҳои мақомотҳое, ки ба гуруҳи кори зерин бояд ҷалб карда шаванд, таҳия намуда ба иштирокчиёни чаласа пешниҳод намоянд, то ин ки шарикори рушд низ саҳми худро дар фаъолияти Гуруҳи кори мазкур бинанд. Инчунин мавқеи ЮНДАф бояд муайян карда шавад.

Намояндаи ТУТ – Пирова Зульфия қайд намуданд, ки ба ҳама нишондиҳандаҳое, ки дар айни замон таҳия карда шуда истодаанд, бояд равшанӣ андохт. Дар айни ҳол дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурухи корӣ оид ба тҳияи индикаторҳо фаъолият карда истодааст. Чунин адади зиёди нишондиҳандаҳо барои дарки истифодабарандагон хеле душвор аст.  Аз ҷониби Одинаев О.М. – аъзои гуруҳи кори назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо шарҳ дода шуд, ки гуруҳи корие, ки дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо фаъолият карда истодааст, нишондиҳандаҳои вобаста ба Барномаи рушди кӯтоҳмуддатро аз нав таҳия карда истодаанд ва  ин гуруҳи корӣ бо масъалаҳои милликунонии нишондиҳандаҳои ҲРУ алоқаманд нест. Аз ин лиҳоз таҳияи гуруҳи кори нав дар назди Агентии омор қобили дастгири мебошад.

Намояндаи СММ- занҳо Мирзоева В.М. дар бораи нақши Гуруҳи байниидоравии коршиносон дар сатҳи глобалӣ як намунаи худ барои таъсиси чунин гуруҳ дар сатҳи Тоҷикистон мебошад. 

Намояндаи БР СММ Далер Шодиев низ ба ташкилкунандагони ҷаласа изҳори сипос намуда, қайд кард, ки дар айни ҳол дар назди Шӯрои миллии рушд лоиҳаи таҳияи гуруҳҳои соҳавӣ, аз ҷумла гурухӣ корӣ дар назди Агентии омор доир ба ҷамъоварии маълумотҳои глобалӣ ва миллии ҲРУ пешниҳод гардидааст.

Дар интиҳои ҷамъомад ба ширкаткунандагон пешниҳод карда шуд, ки то 1 декабри соли 2018 номзадии намояндагони худро барои шомил намудан ба гуруҳи корӣ ва такмил додани фаъолияти онҳо пешниҳод намоянд. Дар ояндаи назди Агентии омор гузаронидани чаласа дар доираи намояндагон – татбиқкунандагони ҳар як ҳадаф дар алоҳидагӣ гузаронида масъалаҳоро мушаххас талил намояд.




0 комментария к “Донор-митинг бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...