Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАВОМИ 9 МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ 1,5 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

ДАВОМИ 9 МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ 1,5 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳа босуръат рушд карда истодааст.

Ин аст, ки ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад.

Дар давоми 9 моҳи соли 2024 зиёда аз 1 миллиону 519,5 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд. Ин нишондиҳанда — 296,3 ҳазор нафар ё 24,2 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 1,2 миллион нафари онҳо тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 33,9 фоиз зиёд аст.

Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 1 миллиону 388,8 ҳазор нафар ё 91,4 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 1 миллиону 147,6 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.

Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 130,7 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 8,6% аз шумораи умумӣ) ва 113,2 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.

Дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 835,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 55 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.

Теъдоди сайёҳоне, ки дар давоми нуҳ моҳ аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 414,2 ҳазор нафар ё 27,2 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қирғизистон – 97,6 (6,4 фоиз), баъдан Қазоқистон – 28,6 ҳазор нафар (1,9 фоиз), Туркманистон – 4,8 ҳазор нафар (0,3 фоиз), аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин – 30,4 ҳазор нафар, Афғонистон — 13,9 ҳазор нафар, Эрон – 6,8 ҳазор нафар, ИМА – 10,3 ҳазор нафар, Олмон – 6,7 ҳазор нафар, Туркия – 5,1 ҳазор нафар, Ҳиндустон – 3,7 ҳазор нафар, Италия – 3,4 ҳазор нафар, Ҷопон – 3,3 ҳазор нафар, Фаронса 3 ҳазор нафар, Австралия ва Полша 2,9 ҳазор нафарӣ, Покистон 2,8 ҳазор нафар, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея – 2,5 ҳазор нафарӣ, ва Канада 2,1 ҳазор нафар мебошанд.




0 комментария к “ДАВОМИ 9 МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ 1,5 МИЛЛИОН ХОРИҶӢ АЗ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДААНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон