29.07.26
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар вилояти Суғд аксари нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ тамоюли мусбати рушд дошта, рушди устувори бахшҳои муҳими иқтисодиёти вилоят таъмин гардид. Дар ин хусус сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбек Нақҳатзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, фаъолияти Сарраёсат дар ин давра дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Агентӣ ва Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2026 ба роҳ монда шуда, ба баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ, таъмини саҳеҳият, эътимоднокӣ ва саривақтии пешниҳоди он равона гардид.
Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мутобиқи Барномаи корҳои оморӣ беш аз 6,8 ҳазор кори оморӣ иҷро шуда, як қатор гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилооти фаврӣ оид ба вазъи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, бозори меҳнат, нархҳои истеъмолӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таҳия ва ба Дастгоҳи марказии Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳод гардиданд.
Илова бар иҷрои вазифаҳои соҳавӣ, ба масъалаи татбиқи ташаббусҳои давлатӣ дар самти ободониву созандагӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар ин замина, Ҳокимбек Нақҳатзода таъкид намуд, ки кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нимсолаи якуми соли 2026 як қатор корҳои назаррасро анҷом доданд. Бо иштироки фаъоли кормандон шанбегиҳои мунтазам баргузор гардида, корҳои тозакорӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳубини дарахту ниҳолҳои ороишӣ дар саҳну атрофи бинои Сарраёсат иҷро шуданд. Ҳамзамон, чунин тадбирҳо дар мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома дошта, барои беҳтар намудани муҳити корӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурӣ мусоидат менамоянд. Аксари бандҳои нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла таъмиру тармими дохили биноҳо, пурра иҷро гардида, корҳои таъмири намои берунии бинои Сарраёсат айни замон идома доранд.
Ба иттилои Ҳокимбек Нақҳатзода, дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии Сарраёсат 223 ҳуҷҷату муроҷиат ворид шуда, ҳамаи онҳо тибқи муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ ва иҷро гардидаанд. Ҳамзамон кормандони мақомоти омор барои баланд бардоштани сифати ҳисоботи оморӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 29 сафари хизматӣ анҷом дода, ба 285 субъекти ҳисоботсупоранда ёрии методӣ расониданд.
Дар масъалаи таъмини интизоми ҳисоботдиҳӣ гуфта шуд, ки нисбати 285 субъекти хоҷагидор барои дермонӣ, пешниҳоди ҳисоботи нодуруст ё умуман пешниҳод накардани ҳисоботҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 144,2 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид. Аз ин маблағ 133 ҳазор сомонӣ, ё 92,2 фоиз, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид шудааст.
Дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои оморӣ низ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. То 10 июли соли равон 8832 ташкилоти ҳуқуқӣ ва 66881 хоҷагии деҳқонӣ барои истифодаи утоқи шахсии ҳисоботсупоранда тавассути низоми электронӣ аз нав ба қайд гирифта шудаанд, ки мутаносибан 74,3 фоиз ва 99,7 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди вилояти Суғд (МММ) ба 21,2 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди он 8 фоиз ва саҳмаш дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 25,9 фоиз мебошад.
Дар соҳаи саноат корхонаҳои вилоят ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиши истеҳсолот бо дарназардошти индекси нархҳо 111 фоиз-ро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 34,7 фоиз афзоиш ёфта, истеҳсоли як қатор маҳсулоти муҳими саноатӣ, аз ҷумла меваи хушк, равғани растанӣ ва орд зиёд гардидааст.
Дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот ба 7,3 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладона, сабзавот, картошка, полезӣ, маҳсулоти чорводорӣ, шир ва гӯшт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ рӯ ба афзоиш дошта, ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувори бахши аграрӣ шаҳодат медиҳанд.
Ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар бахши сохтмон 2,1 миллиард сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 46,4 фоиз зиёд гардид. Дар ин давра 255,4 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуда, иҷрои нақшаи сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 119,6 фоиз расидааст.
Дар соҳаи савдо ҳаҷми гардиши савдои чакана ва яклухт ба 12 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 фоиз афзоиш ёфт. Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бошад, 2,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 35,2 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми содирот 37,5 фоиз ва воридот 33,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар анҷом Ҳокимбек Нақҳатзода таъкид намуд, ки мақомоти омори вилояти Суғд минбаъд низ фаъолияти худро ба татбиқи сиёсати давлатии оморӣ, такмили низоми рақамикунонӣ, баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ ва таъмини шаффофияти иттилооти расмӣ равона намуда, барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
0 комментария к “Дар вилояти Суғд рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 таъмин гардид”