Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд

Дар Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд

Таҳқиқоти қувваи корӣ–2025 нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон 3 миллиону 18 ҳазору 773 нафар аҳолии синни 15–75-сола ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 1 миллиону 950 ҳазору 415 нафар (64,6%) мардон ва 1 миллиону 68 ҳазору 358 нафар (35,4%) занон мебошанд.

Аз рӯи минтақаҳо, вилояти Хатлон бо зиёда аз 1 миллион нафар дар ҷойи аввал қарор дорад.

Баъдан вилояти Суғд бо 1 миллиону 77 ҳазору 647 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 528 ҳазору 489 нафар, шаҳри Душанбе бо 320 ҳазору 835 нафар ва ВМКБ бо 90 ҳазору 724 нафар қарор доранд.

Аз рӯи маҳалли зист, аксари қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Тибқи омори таҳқиқот, 2 миллиону 152 ҳазору 231 нафар сокини деҳот ва 866 ҳазору 542 нафар сокини шаҳр мебошанд.

Тақсимоти синнусолӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳи сершумортаринро шаҳрвандони 30–34-сола ташкил медиҳанд, ки шумораи онҳо ба 413 ҳазору 717 нафар мерасад. Баъдан гурӯҳҳои 25–29-сола — 383 ҳазору 106 нафар ва 35–39-сола — 377 ҳазору 378 нафар ҷой гирифтаанд.

Ҳамзамон, пажуҳиш нишон медиҳад, ки 2 миллиону 335 ҳазору 35 нафар ақди никоҳ бастаанд, 389 ҳазору 344 нафар ҳеҷ гоҳ издивоҷ накардаанд ва 81 ҳазору 520 нафар пас аз қатъи никоҳ дубора оиладор шудаанд.

Дар бахши таҳсилот бошад, беш аз нисфи қувваи кории кишвар — 1 миллиону 604 ҳазору 641 нафар маълумоти миёнаи умумӣ (пурра) доранд. Инчунин 576 ҳазору 485 нафар соҳиби маълумоти олии касбӣ, 479 ҳазору 886 нафар маълумоти миёнаи асосӣ ва 195 ҳазору 94 нафар маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Таҳқиқоти қувваи корӣ тадқиқоти интихобии оморист, ки бо мақсади ба даст овардани маълумоти муфассал дар бораи вазъи бозори меҳнат, сатҳи шуғл, бекорӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва хусусиятҳои иҷтимоию демографии аҳолӣ гузаронида мешавад.




0 комментария к “Дар Тоҷикистон беш аз 2,1 миллион қувваи корӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон