26.10.25
Дар моҳҳои январ-июни соли 2025 дар миқёси мамлакат 182 ширкати сайёҳии бақайдгирифташуда мавҷуданд.
Дар ин давра 219 меҳмонхона (бо дарназардошти шахсони воқеӣ), 7 меҳмонхонаи 5- ситорадор, 27 меҳмонхонаи 4 – ситорадор, 14 меҳмонхонаи 3 – ситорадор, 2 меҳмонхонаи 2 – ситорадор, 7 меҳмонхонаи 1 – ситорадор ва 162 меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият кардаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 56 адад хостелҳо ва мотелҳо, 57 адад осоишгоҳҳо, 4 адад осоишгоҳҳои кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 6 адад марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 10 адад хонаҳои истироҳатӣ, 1 адад пансионату кемпинг ва 5 адад базаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуданд.
Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 4046 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра 168,2 миллион сомониро ташкил додааст.
0 комментария к “ДАР ТОҶИКИСТОН 182 ШИРКАТИ САЙЁҲӢ ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯД”