Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусофиркашонӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 қариб 10 фоиз афзоиш ёфт

Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусофиркашонӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 қариб 10 фоиз афзоиш ёфт

Давоми нуҳ моҳ бо ҳамаи намуди нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 914 миллиону 95,9 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,9 фоиз зиёд мебошад, ки ин афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои нақлиётӣ ва нақши муҳими соҳаро дар таъмини ҳаракати аҳолӣ нишон медиҳад.

Нақлиёти хушкигард дар сохтори мусофиркашонии кишвар мавқеи асосиро ишғол менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳиссаи ин намуди нақлиёт 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нақши калидии нақлиёти хушкигардро дар таъмини рафтуомади ҳаррӯзаи аҳолӣ ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногун инъикос мекунад.

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла нақлиёти вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои шаклҳои гуногуни моликият ва соҳибкорони инфиродӣ, 896 миллиону 640,1 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли гузашта 10 фоиз афзоиш ёфтааст.

Афзоиши мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аҳаммияти ин намуди нақлиётро дар низоми хизматрасонии нақлиётии кишвар нишон медиҳад.




0 комментария к “Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусофиркашонӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 қариб 10 фоиз афзоиш ёфт”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон