26.06.26
Душанбе, июни соли 2026. Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳҳои январ–майи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо ба 35 млрд 667,2 млн сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 24,3 фоиз ё 7 млрд 103,3 млн сомонӣ зиёд гардид.
Афзоиши назарраси гардиши савдо аз рушди фаъолияти соҳибкорӣ, густариши бозори истеъмолӣ ва болоравии талаботи аҳолӣ ба молу хизматрасониҳо шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, гардиши савдои хӯроки умумӣ якҷо бо хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2026 ба 2 млрд 3,1 млн сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,7 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишондиҳанда аз рушди соҳаи хизматрасонӣ, беҳтар гардидани фазои сайёҳӣ ва тавсеаи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии ҷамъиятӣ дарак медиҳад.
Дар ҳамин давра ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар ҳамаи бахшҳои хизматрасонӣ 12 млрд 993,8 млн сомонӣ-ро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ–майи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 9,0 фоиз афзоиш ёфт. Индекси нархҳо дар соҳаи хизматрасонӣ 106,1 фоиз-ро ташкил дод.
Аз ҳаҷми умумии хизматрасониҳои расонидашуда 9 млрд 103,4 млн сомонӣ, ё 70,1 фоиз, ба хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ рост меояд, ки ин аз нақши афзояндаи бахши хизматрасонӣ дар қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ шаҳодат медиҳад.
Нишондиҳандаҳои мазкур идома ёфтани рушди бозори дохилӣ, фаъолияти фаъоли бахшҳои савдо ва хизматрасонӣ ва саҳми назарраси онҳо дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар панҷ моҳи аввали соли 2026 тасдиқ менамоянд.
0 комментария к “Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдо ва хизматрасониҳои пулакӣ афзоиши устуворро нигоҳ дошт”