Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ АФЗОИШИ АҲОЛӢ 1,7 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОД

ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ АФЗОИШИ АҲОЛӢ 1,7 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОД

Афзоиши аҳолӣ, коҳиши сатҳи фавту таваллуд ва тағйирёбии нишондиҳандаҳои муҳоҷират аз ҷумлаи равандҳои демографие мебошанд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳолати 1 июли соли 2026 ба 154,9 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фоиз зиёд мебошад. Аз шумораи умумии аҳолӣ 78,4 ҳазор нафарро мардон ва 76,5 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи таҳлил афзоиши аҳолӣ дар ноҳия идома дошта, дар баробари ин, нишондиҳандаҳои таваллуд, фавт, никоҳ ва муҳоҷират низ дар ташаккули вазъи демографӣ нақши муҳим доранд.

Мувофиқи маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар давраи зикршуда дар ноҳия 1302 навзод таваллуд шудааст. Ҳамзамон дар ин давра 296 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи таваллуд 3,8 фоиз ва фавт 12,7 фоиз кам гардидааст.

Дар натиҷа, афзоиши табиии аҳолӣ 1006 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2025 0,9 фоиз кам мебошад. Ин нишондиҳанда фарқи байни шумораи таваллуд ва фавтро инъикос намуда, яке аз омилҳои асосии тағйирёбии шумораи аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 470 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумораи бекоршавии ақди никоҳ 97 ҳолатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз кам шудааст.




0 комментария к “ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ АФЗОИШИ АҲОЛӢ 1,7 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОД”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон