Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар нимсолаи аввали соли 2026 гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ба 2,4 миллиард сомонӣ расид

Дар нимсолаи аввали соли 2026 гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ба 2,4 миллиард сомонӣ расид

Дар моҳҳои январ–июни соли 2026 гардиши савдои хӯроки умумӣ, якҷо бо хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиарду 430,7 миллион сомонӣро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 54,9 фоиз афзоиш ёфт.

Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонӣ дар ин бахш 427,6 миллион сомонӣро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи июни соли қабл 66,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон, нисбат ба моҳи майи соли 2026 ҳаҷми гардиши хизматрасонӣ 54,9 фоиз афзоиш ёфта, тамоюли мусбати рушди соҳаро боз ҳам тақвият медиҳад.

Аз рӯи минтақаҳо, шаҳри Душанбе мавқеи пешсафро нигоҳ дошта, дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар пойтахт ба 1 миллиарду 112,2 миллион сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,0 фоиз зиёд буда, тақрибан нисфи ҳаҷми умумии гардишро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Мавқеи пойтахт бо тамаркузи бештари меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва рушди фаъоли бахши сайёҳӣ шарҳ дода мешавад.

Дар вилояти Хатлон гардиши хизматрасонӣ 724,7 миллион сомонӣро ташкил дода, нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 22,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар вилояти Суғд бошад, ҳаҷми гардиш ба 480,5 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиш 8,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаҷми хизматрасонӣ ба 97,9 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд шудааст. Дар ВМКБ бошад, гардиши хизматрасонӣ 15,4 миллион сомонӣро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 1,5 фоиз афзоиш ёфтааст.




0 комментария к “Дар нимсолаи аввали соли 2026 гардиши хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо ба 2,4 миллиард сомонӣ расид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон