Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ РУШД МЕКУНАД

ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ РУШД МЕКУНАД

Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, пешниҳоди хизматрасониҳо ва иҷрои корҳои сохтмонӣ идома ёфта, дар баъзе минтақаҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад, 24 корхонаи саноатӣ фаъолият намудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин минтақа ба 483 миллиону 615,4 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои муқоисавӣ 15,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин минтақа маҳсулоти гуногуни саноатӣ, аз ҷумла қубурҳои пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, профилҳои пластикӣ барои дару тиреза, рангҳои сохтмонӣ, зарфҳои пластикӣ барои нигоҳдории меваҳои тару тоза ва дигар маҳсулот истеҳсол карда мешаванд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ се субъект ба маблағи 3 миллиону 878,7 ҳазор сомонӣ хизматрасонии пулакӣ расонида, як субъект корҳои сохтмонию пудратиро ба маблағи 476,9 ҳазор сомонӣ иҷро кардааст.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, дар давраи ҳисоботӣ 9 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба маблағи 102 миллиону 175,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Инчунин, ҳаҷми корҳои сохтмонии дар ин минтақа иҷрошуда дар моҳҳои январ–июли соли 2026 ба 49 миллиону 363,2 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Дар баробари истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, дар минтақаи мазкур хизматрасониҳои пулакӣ ба маблағи 1 миллиону 983,8 ҳазор сомонӣ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ ба маблағи 6 миллиону 333,8 ҳазор сомонӣ расонида шудаанд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», ки дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир аст, аз шаш корхонаи саноатии ба қайд гирифташуда ду корхона дар давраи ҳисоботӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҶСП «Фон дарё» 5 миллиону 78 ҳазор сомонӣ ва дар ҶДММ «Бурок-2 ЛТД» 257 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», воқеъ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, аз 13 корхонаи саноатии ба қайд гирифташуда дар давраи ҳисоботӣ ҶДММ «Тоҷик Алмос» ба маблағи 338,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа ба маблағи 11 миллиону 443 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 600,8 ҳазор сомонӣ анҷом дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 8,7 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Фаъолияти ин минтақаҳо барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии кишвар замина фароҳам меорад.




0 комментария к “ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ РУШД МЕКУНАД”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон