Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегия миллии рушди омор» сомонаи нави расмии Агентии омор таҳия гардид

Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегия миллии рушди омор» сомонаи нави расмии Агентии омор таҳия гардид

Дар асоси созишномаи дуҷонибаи ҳамкории Агентии омор ва корхонаи муштараки (Консортсиум)  бо роҳбарии ДевСтат дар доираи компонент «Беҳтар намудани муколамаи истифодабарандагон ва ташаккулдиҳандагони иттилоот» коршиноси ғайрикалидӣ сомонаи нави Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуд. 

14 март дар Агентии омор намоиши сомонаи нави расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсатҳои соҳавии Агентии омор ва Маркази кулли ҳисоббарорӣ», гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи СМРО, коршиноси байналмилалии ширкати ДевСтат ҷаноби Миша Белкиндас, роҳбари ширкати Кайконсалтинг Султон Имомов сурат гирифт. 

Тафсири сомонаи нав ба «Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ва мақомоти хуидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344, инчунин Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2011, №643 тасдиқ шудаанд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастарӣ ба иттилоот» аз 18 июни соли 2008  мутобиқат мекунад.  
 
Ҳамчунин зарурати таҳияи тафсири нав бо он асос карда мешавад, ки тафсири кунунӣ аз нигоҳи техникӣ фарсуда шуда, намои берунаи он ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест, таҳия ва ҷорӣ намудани функсия ва имкониятҳои нав пеш омадааст.
 
 
 
Имкониятҳои нави сомона:
Мутобиқат ба қарори Ҳукумати Ҷуумҳурии Тоҷикистон №344;
Намуди берунаи муосир ва нисбатан мувофиқ ҷойгир шудани элементҳо;
Тафсири мувофиқашудаи сомона;
Функсияҳои интерактивии сомона – онлайн – муроҷиат, саволу ҷавоб, пурсиш;  
Истифодаи технологияи муосири таҳияи сомонаҳо;
Нусхабардории ҳаррузаи маълумот. 
 
Баъди намоиш, намояндагони Агентии омор фикру мулоҳизаҳои худро оид ба сомона иброз доштанд ва дар маҷмуъ сохтори  он маъқул дониста шуд.
 
Интизор меравад, ки сомона дар моҳи марти соли 2018 мавриди истифода қарор мегирад.



0 комментария к “Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегия миллии рушди омор» сомонаи нави расмии Агентии омор таҳия гардид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...