Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» оид ба самтҳои гуногуни омор ташрифи шаш коршиноси байналмилалӣ ба Агентии омор сурат гирифт

Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» оид ба самтҳои гуногуни омор ташрифи шаш коршиноси байналмилалӣ ба Агентии омор сурат гирифт

Мутобиқи қарордоди дуҷонибаи ҳамкориҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи муштарак (Консортсиум) бо роҳбарии Ширкати ДевСтат аз 26 то 30 марти соли 2018 ташрифи коршиносони байналмилалӣ сурат гирифт:

 
 Роҳбари гурӯҳи коршиносон, коршиноси калидӣ ҷаноби Игор Чернышев, семинари омузиширо барои мутахассисони раёсати омори саноат дар бораи усулҳои мавҷудаи арзёбии шуғл ва намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар бахши ғайрирасмӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноат баргузор намуд. Вохури бо роҳбарияти Коллеҷи куҳӣ вобаста ба таъсиси Маркази таълимӣ дар ин коллеҷ гузаронида шуд, мусоидати техникӣ вобаста ба омодасозии вазифаҳои техникӣ ва саволнома барои гузаронидани таҳқиқоти корхонаҳои хурд дар соҳаи сохтмон ва гайраҳо амалӣ шуданд 
 
 
 Коршиноси калидӣ хонум Ирина Горячева барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шакли ҳисоботии 1- нархи маҳсулоти саноатӣ, дастурамал барои омода сохта он ва Тавсияҳои методологӣ оид ба ҳисоби индекси нархҳои маҳсулоти саноатӣ пешниҳодҳо манзур намуд. Ҳамчунин барои азнавбаррасии алгоритми вазнҳисобкуниҳо барои ҳисоби Индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ пешниҳоди мушаххас намуд.  
Дар самти ташаккули номенклатураи гурӯҳи молҳо дар асоси Таснифоти ТУНФИ тафсири 2 корҳо ба сомон расонида шуданд. Такмили минбаъдаи методологияи ҳисоби индекси нархҳои корҳои сохтмонию-васлгарӣ дар заминаи модели захиравию технологӣ идома ёфтанд. Алгортми ҳисоби индекси моҳонаи нарҳои истеҳсолкунандагон дар қиёс ба соли базавӣ (соли 2015) таҳия карда шуд. 
 
 
Ташриф ба фабрикаи қаннодӣ оид ба аниқ намудани тартиби пуркунии ҳисоботҳо аз ҷониби корхонаҳо вобаста ба маълумот дар бораи нархи истеҳсолӣ, бо корхонаҳои сохтмонӣ корҳои мушовирӣ вобаста ба имконияти ба даст овардани иттилоот дар бораи нархҳои бозории манзил амалӣ гардид. Натиҷаҳои ин машваратҳо имконият фароҳам оварданд, ки воридсозии як қатор тағийротҳо ҳангоми таҳияи ҳисоботи оморӣ оид ба  нархи бозории манзил ба сомон расонида шавад.
 
 Коршиноси ғайрикалидӣ хонум Валентина Гыдилика барои интихоби ҳисоби маҷмуи даромад (истеҳсол) ва арзиши изофа; беҳтар намудани методологияи гузариш ба ҳисоби маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар сатҳи вилоятҳо  мусоидат намуда, хонум Даниел Макар ба Агентии омор барои таҳияи хазинаи ягонаи маълумот ,ки аз сарчашмаҳои гуногун ташаккул меёбад ва ҳамаи воҳидҳои иқтисодиро дар сатҳи вилоятҳо ва ҳамаи нишондиҳандаҳо дар сатҳи воҳидҳои иқтисодиро фаро мегирад ва барои минбаъд ҳисоб намудани истеҳсол ва хароҷоти мобайнӣ аз руи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ истифода мешаванд,  кумаки амалӣ расонид.
 
 Коршиноси ғайрикалидӣ хонум Виолета Кунигелене методологияи баланд бардоштани сифати арзёбии истеҳсол маҳсулоти шахсони воқеӣ дар соҳаи саноати коркард, ки ба шароиту имкониятҳои Агентии омор (молиявӣ ва техникӣ) мутобиқ аст  омода намуд ва арзёбии истеҳсоли маҳсулоти шахсони воқеӣ аз руи таҳқиқоти интихобӣ ба сомон расонида шуд.
 
Ҳисоби ҳаҷми пурраи истеҳсол дар соҳаи саноати коркард амалӣ гардид. Коршиноси ғайрикалидӣ Томас Рудис маводҳои интихобе, ки дар Агентии омор дар заминаи маълумоти Кумитаи андоз аз руи ҳаҷми фуруши омода шудааст, мавриди омузиш қарор дода, усули нисбатан қулайро барои арзёбии истеҳсолоти саноатии шахсони воқеӣ дар Тоҷикистонро тавсия дод. 
  
30 марта соли 2018 дар ҳузури Муовини Директори Агентии омор – Давлатзода Қиёмиддин, бо иштироки гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, баррасии умумии натиҷаи ташрифи коршиносон якҷо бо сардорони раёсатҳо баргузор гардид ва тавсияҳои коршиносон оид ба омори саноат, нарх ва Системаи ҳисобҳои миллӣ матраҳ гардиданд. 



0 комментария к “Дар доираи Лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди омор» оид ба самтҳои гуногуни омор ташрифи шаш коршиноси байналмилалӣ ба Агентии омор сурат гирифт

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...