Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАР АГЕНТИИ ОМОР ҶАЛАСАИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА ТАКМИЛИ ОМОРИ КӮДАКОН БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР АГЕНТИИ ОМОР ҶАЛАСАИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА ТАКМИЛИ ОМОРИ КӮДАКОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи байниидоравӣ оид ба муайян намудани афзалиятҳо ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи “Роҳнамо оид ба такмили омори кӯдак” баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд ва намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини директори Агентии омор Назарзода Зарина ифтитоҳ намуда, аҳаммияти рушди низоми муосири омори кӯдакон ва истифодаи самараноки маълумоти омориро дар раванди қабули қарорҳои давлатӣ таъкид кард.

Қайд гардид, ки дар шароити муосир маълумоти босифат, дақиқ ва саривақтӣ яке аз заминаҳои асосии идоракунии самараноки давлатӣ ба ҳисоб рафта, махсусан дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон аҳаммияти хоса дорад. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ва татбиқкунандаи Ҳадафҳои рушди устувор ба рушди низоми миллии омори кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Назарзода Зарина иброз дошт, ки Тоҷикистон дар самти рушди омори кӯдакон бо такя ба таҷрибаи миллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Аз ҷумла, арзёбии низоми мавҷудаи омори кӯдакон анҷом дода шуда, дар асоси натиҷаҳои он “Роҳнамо оид ба беҳтар намудани омори кӯдак” таҳия ва татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда оғоз гардидааст.

Дар ҷараёни суханронӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои густурдаи Агентии омор бо ЮНИСЕФ ишора гардида, таъкид шуд, ки ин ҳамкориҳо барои таҳкими иқтидори омори давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, рушди низомҳои иттилоотии маъмурӣ ва омодагӣ ба таҳқиқотҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба такмили низоми мониторинги ҳуқуқҳои кӯдак, беҳтар намудани сифати маълумот, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, мубодилаи самараноки маълумот ва истифодаи васеи онҳо дар таҳияи сиёсати давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар қисмати муҳокимаҳои гурӯҳӣ иштирокчиён вобаста ба қадамҳои минбаъда, масъулият, муҳлатҳо ва захираҳои зарурӣ барои татбиқи Роҳнамо пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои ҷаласа барои муайян намудани афзалиятҳои асосӣ дар рушди низоми маълумоти кӯдакон, таҳкими ҳамгироии нишондиҳандаҳои марбут ба кӯдакон ба низоми миллии маълумот ва беҳтар намудани мониторинги татбиқи ҳуқуқҳои кӯдак ва Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳанд кард.

Дар анҷоми ҷаласа роҳбарияти Агентии омор омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои ташаккули низоми муосир, боэътимод ва самараноки омори кӯдакон изҳор намуд.




0 комментария к “ДАР АГЕНТИИ ОМОР ҶАЛАСАИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА ТАКМИЛИ ОМОРИ КӮДАКОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон