20.05.26
Рӯзҳои 19–21 майи соли 2026 дар шаҳри Варшава семинар-машварати байналмилалӣ оид ба табодули таҷриба дар самти такмили сохтори ташкилӣ ва идоракунии мақомоти омори давлатӣ баргузор гардид.
Дар семинар-машварати мазкур ҳайати расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ Асо Нурулло Асват, инчунин кормандони Агентии омор ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Лаҳистон дар самти таҷдиди сохтор, такмили низоми идоракунии мақомоти омор, мутобиқгардонии фаъолияти мақомоти омори давлатӣ ба талаботи муосир, густариши истифодаи технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ, инчунин баланд бардоштани сифати маълумотҳои оморӣ ва таъмини дастрасии васеи онҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҳадафи асосии семинар-машварат шиносоӣ бо таҷрибаи Ҷумҳурии Лаҳистон дар самти ташкили сохтори идоракунӣ ва фаъолияти мақомоти омор, омӯзиши механизмҳои такмили низоми бақайдгирии корхонаҳо ва ташкилотҳо, инчунин татбиқи усулҳои муосири идоракунӣ ва банақшагирии стратегӣ мебошад.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи омори расмӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, рақамикунонии равандҳои оморӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таҳкими ҳамгироии низоми миллии омор ба амалияи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд таъкид намуд, ки сафари табодули таҷрибавии мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими татбиқи Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, барои такмили низоми идоракунии мақомоти омор заминаи мусоид фароҳам меорад.
0 комментария к “БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ТАКМИЛИ НИЗОМИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СЕМИНАР-МАШВАРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРШАВА”