06.05.26
Аз 5 майи соли 2026 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Усулҳои арзёбии камбизоатӣ ва ташкили интихоб» дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ оғоз гардид.
Чорабинӣ бо мақсади рушди иқтидори касбии кормандон, таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва такмили методологияи арзёбии камбизоатӣ роҳандозӣ шуда, дар он кормандони Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Дастгоҳи марказӣ, инчунин Раёсати таҳқиқи буҷаи хонаводаҳо ва омори нархи Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни семинар коршиноси Бонки ҷаҳонӣ ба иштирокчиён доир ба усулҳои муосири арзёбии камбизоатӣ, такмили усулҳои интихоб, баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ ва мутобиқсозии нишондиҳандаҳо ба стандартҳои байналмилалӣ дарсҳои назариявию амалӣ пешниҳод менамояд.
Иштирокчиён ҳамзамон бо таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ шинос гардида, малакаҳои амалии худро дар самти таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ тақвият мебахшанд.
0 комментария к “БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА УСУЛҲОИ АРЗЁБИИ КАМБИЗОАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР”