Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории ҷаласаи якум оид ба ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои муштарак бо роҳбарии «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

Баргузории ҷаласаи якум оид ба ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои муштарак бо роҳбарии «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

Аз 31 октябр то 3 ноябри соли 2022 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якум оид ба ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои муштарак бо роҳбарии «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

Дар кори ин ҷаласа намояндагони корхонаҳои муштараки «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Сагатов Абзал – роҳбари гурӯҳ, Пономаренко Алексей (Мактаби олии иқтисодии шаҳри Маскав) – коршинос оид ба системаи ҳисобҳои миллӣ, Нашаров Канат ва Басибеков Абилай – коршиносон оид ба технологияҳои информатсионӣ ва Мирас Лейла – коршиноси соҳаи ҳуқуқ (ҳуқуқшинос) иштирок намуданд.

Мақсад аз гузаронидани ҷаласаи якум ин муҳокима ва мувофиқаи ҷузъиёти нақшаи корӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» №IDA D8360-TJ иборат буда, инчунин дар он масъалаҳои маъмурию ташкилии иҷрои Созишномаи миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои муштараки «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, ки санаи 18 августи соли 2022 ба имзо расида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ бо Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла муҳокимаи нақшаҳо, мақсади умумии ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» ва натиҷаҳо аз ҳамкорӣ дар доираи шарикии дуҷониба доир гардид.

Масъалаҳои мубрами татбиқи нақшаи кории шарикии дуҷониба, инчунин мукаммалнамоии ҳама намуди ҳисоботи оморӣ, аз ҷумла ҳисоботи дохилиидоравӣ, гузариш ба шакли пурраи ҳисоботи электронӣ ва беҳтар кардани кори сомона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вохӯриҳои алоҳида оид ба технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия, қонунгузорӣ, системаи ҳисобҳои миллӣ, фондҳои асосӣ, бақайдгирӣ ва ғ. доир гардид. Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои ҳолати ҳозираи кор, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он ҳангоми татбиқи лоиҳа баррасӣ гардиданд.

Вохӯриҳои алоҳида бо ширкатҳое, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» аз ҷониби Агентии омор интихоб гардида буданд доир гардид. Аз ҷумла вохӯриҳо оид ба масъалаҳои гузариш ба низоми электронии китобҳои хоҷагӣ дар тамоми ҷамоатҳо, мукаммалсозӣ ва ҳисоби нишондиҳандаи нархҳои истеъмолӣ, таварруми аслӣ ва нишондиҳандаи нархи манзилҳо доир гардиданд.  

 

Инчунин вохӯрии коршинос оид ба ҳисобҳои миллӣ бо намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо раёсати ҳисобҳои миллӣ ва омори молияи Агентии омор доир гардид.

Намояндагони Агентии омор, гурӯҳи татбиқи лоиҳа, коршиносон  ва корхонаҳои муштараки «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳоду эродҳои раёсату шуъбаҳои Агентии омор ва Маркази кулли ҳисоббарориро оид ба нақшаи корӣ муҳокима намуда, тағйироти дахлдорро ба ҳуҷҷати номбурда ворид намуданд.

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа вохӯрии намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ оид ба муҳокимаи масъалаҳои шарикии дуҷониба бо намояндагони корхонаҳои муштараки «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид.

 




0 комментария к “Баргузории ҷаласаи якум оид ба ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои муштарак бо роҳбарии «Маркази тадқиқоти оморӣ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...