26.01.26
Имрӯз дар шаҳри Анқараи Туркия дар ҳошияи семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Омори кишоварзӣ”, ки барои мутахассисони соҳаи омор ташкил гардидааст, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расонида шуд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум ҳамкории шарикӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти омори Туркия нақшаи пешбарии соҳаи омор бо пешниҳоди маълумотҳои дақиқу саҳеҳ ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии ҳарду давлат бо мақсади ноил гардидан ба ҳамкории амиқи минбаъдаи мутақобилан судманди тарафҳо барои рушди ҳамаҷониба амалӣ мешавад.
Тарафҳо иброз доштанд, ки дар оянда мусоидат намудан ба ҳамдигар дар баланд бардоштани таҷриба ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи омор, гузаронидани семинару тренингҳо барои ҳар ду тараф ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таҷрибаи кормандони соҳа дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои минбаъда бештар мегардад.

0 комментария к “БА ИМЗО РАСИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ”