Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АҲАМИЯТИ ОМОР БАРОИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

АҲАМИЯТИ ОМОР БАРОИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Омор ҳамчун илм ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар ҷомеа мебошад ва он таҳарруки рушд, коҳишу афзоиши падидаҳои ҷамъиятиро муайян месозад. Ин илм бо истифода аз усулҳои оморӣ ва бо коргирӣ аз технологияҳои иттилоотии муосир вазифаҳои муайянеро иҷро менамояд.

  • Омор барои ҳалли як қатор масъалҳое, ки барои давлат ва идоракунии он муҳиманд, имкон фароҳам меорад:
* назорати доимии вазъият, пайгирии равандҳои мусбат ва манфӣ;
* коркарди дурнамои ояндаи рушди кишвар дар асоси маълумоти оморӣ;
* истифода аз оморе, ки манбаи муътамад доранд;
* муайянсозии соҳаҳое, ки бештар ба ислоҳот ва беҳтарсозӣ зарурат доранд.
  • Омор дар шароити муосир шумори зиёди вазифаҳоро иҷро менамояд:
– муайяннамоии самаранокии захираҳои мавҷудаи истеҳсолоти иҷтимоӣ;
– саривақт ва бо ахбори муътамад таъмин намудани мақомоти қонунбарор ва иҷроия, ниҳодҳои иҷрокунанда ва иқтисодӣ;
– таҳқиқи ҳамаҷонибаи таҳаввулоти амиқи фарояндҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷомеа бар асоси системаи нишондиҳандаҳои илман асосноккардашуда;
– хулосабарорӣ ва пешбинии равандҳои рушди иқтисоди миллӣ.
  • Самтҳои асосии рушди омор вобаста ба таъиноте, ки ҷомеа пешорӯи ин соҳа гузоштааст, чунин муайян шудаанд:
* мукаммалсозии таҳлили иттилооти оморӣ;
* танзими пешниҳоди ҳисоботи оморӣ;
* таъмини муътамадии ҳисобот.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати омори давлатӣ дар ба даст овардани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо равона гардидааст.

Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ягона таҳқиқоти миллӣ ва сарчашмаи оморӣ мебошад, ки барои баҳодиҳии сатҳи некуаҳволии кишвар, нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти аҳолӣ, сатҳи таъминнокии аҳолӣ ба маводҳои озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ, барои баҳодиҳии сатҳи камбизоатӣ, камбизоатии ғизоӣ, камбизоатии кӯдакон, хароҷотҳои пулии аҳолӣ барои хариди мол ва ҳисоби табақаи миёнаи аҳолӣ, вазъи истеъмолоти аҳолӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои маҳсулотҳои озуқаворӣ дар шакли аслӣ ва пулӣ, ҳолати физиологӣ ва истеъмолоти калория, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии хонаводаҳо аз заминҳои ёрирасони наздиҳавлигӣ барои истеъмолоти хонавода ва фурӯш, нишондиҳандаҳои вобаста ба хароҷотҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо истифода карда мешавад.
Нишондиҳандаҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо барои таъмини индикаторҳои асосии миллӣ дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҳамчунин Ҳадафҳои рушди устувори СММ ва арзёбии амалишавии онҳо ҳамчун ягона сарчашмаи иттилооти оморӣ, мусоидат менамояд. Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки дар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба беҳтар гардидани вазъи некуаҳволии аҳолии кишвар маҳз нишондиҳандаҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо вобаста ба сатҳи камбизоатӣ, табақаи миёнаи аҳолӣ ва даромадҳои пулии аҳолӣ аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳо ироа карда мешавад.
Дар доираи таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо дар сурати такмил додани ин низом маълумотҳо оид ба вазъи аҳолии синни қобили меҳнат, қувваҳои корӣ, машғулин, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи солимӣ ва маъюбии аҳолӣ, шароити хонаводаҳо, дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои ахбори омма, алоқа, интернет, таъминнокии аҳолӣ ба молҳои истифодаашон дарозмуддат ба монанди мошин, техникаи кишоварзӣ, яхдону дигар лавозимоти зарурӣ барои хонаводаҳо, иҷораи манзил ва фурӯши амволи ғайриманқул ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар давраи солҳои 2021-2023 дар самти такмили методология ва механизми ҷамъоварии маълумотҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ корҳои зиёд анҷом дода шуд, ки ба сатҳу сифати маълумотҳо ва ба таври электронӣ – фаврӣ ҷамъоварӣ намудани маълумотҳо мусоидат намуд.

Агар ба таърихи гузаронидани таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо назар афканем, таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз соли 1952 ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии маълумот оид ба даромаду хароҷотҳои пулии аҳолӣ ва дигар нишондиҳандаҳои некуаҳволӣ бо теъдоди 1250 хонавода ҳар семоҳа гузаронида мешуд.

Аз соли 1992 вобаста ба вазъи мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва молиявии кишвар шумораи хонаводаҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо 50 фоиз кам карда шуда, ба 600 хонавода расонида шуд. Аз соли 2000-ум бо назардошти беҳтар гардидани вазъи сиёсӣ, иҷтисодӣ ва молиявии кишвар, ҳамчунин афзоиши шумораи аҳолии кишвар ва зиёд гардидани талабот ба маълумотҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо шумораи хонаводаҳои интихобгардида ба 925 адад хонавода расонида шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №497 аз 1-уми октябри соли 2008 шумораи хонаводаҳои таҳқиқшаванда то 3000 хонавода расонида шуд, ки аз онҳо 1150 хонавода дар маҳалҳои шаҳрӣ ва 1850 хонавода дар маҳалҳои деҳот мебошанд.
  • Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо аз оғози соли 2009 то ин ҷониб давоми 14 сол дар ҳамаи 5 минтақаҳои кишвар мувофиқи тақсимоти интихобӣ, дар:
ш. Душанбе – 400 хонавода;
вилояти Суғд – 860 хонавода;
вилояти Хатлон – 900 хонавода;
ВМКБ – 240 хонавода;
НТҶ – 600 хонавода;
гузаронида шуда истодааст.
Тибқи маълумотҳои Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ дар зиёда аз 100 ҳазор хонавода ҳар семоҳа таҳқиқоти хонаводаҳо гузаронида мешаванд, ки дар Тоҷикистон дар 3000 хонавода (аз шумораи умумии хонаводаҳо дар кишвар 1578620 -0,19 фоиз, дар соли 2010 шумораи хонаводаҳо дар кишвар 1197187 буд ва ҳиссаи иштироки хонаводаҳо 0,25 фоизро ташкил медод, ки айни замон ин нишондиҳанда 0,06 банди фоиз паст фаромадааст, ки эътимоднокии маълумотҳоро пурра таъмин карда наметавонад), Озарбойҷон дар 4300 хонавода (0,22 фоизи маҷмӯи хонаводаҳо), Арманистон 2000 хонавода (1,0 фоиз), Беларуссия 6000 хонавода (0,2 фоиз), Қазоқистон 12000 хонавода (0,3 фоиз), Қирғизистон 5000 хонавода (0,4 фоиз), Молдова 2400 хонавода (0,9 фоиз), Руссия 47200 хонавода (0,1 фоиз), Туркманистон 1900 хонавода (0,2 фоиз), Узбекистон 12000 хонавода (0,2 фоиз) ва Украина 13000 хонавода (0,1 фоиз). Зимнан бояд қайд намуд, ки маблағгузории таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо дар ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ пурра аз тарафи буҷети давлатӣ маблағгузорӣ ва дар самти такмил ва зиёд намудани теъдоди хонаводаҳо низ ҳамеша дастгирӣ карда мешавад.
  • Бояд гуфт, ки дар ба даст овардани маълумоти саҳеҳ ва дақиқ дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқоти мазкур нақши аҳолӣ, махсусан хонаводаҳое, ки таҳқиқот гузаронида мешаванд, хеле бузург аст. Зеро натиҷаи босамари таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ва нишондодҳое, ки дар ин самт ба даст меоянд, барои таъйини дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ки бо мақсади муайян кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳар семоҳа аз тарафи мақомоти омори кишвар дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ таҳқиқоти интихобии буҷети хонаводаҳо гузаронида мешавад ва тибқи талаботи Кодекси андоз хонаводаҳо танҳо барои амвол ва замини наздиҳавлигии дар ихтиёрашонбуда андозбандӣ карда мешаванд. Аммо барои дигар молу амволи шахсии дар ихтиёрдошта, аз ҷумла ҳамагуна чорво (чорвои калони шохдор, қутос, асп, гӯсфанду буз ва ғайра) ва парандаҳои дар моликияти шахсии хонаводабуда андозбандӣ карда намешаванд ва маълумотҳои таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо танҳо бо мақсади таъмини шаффофияти маълумоти оморӣ ҷамъоварӣ карда мешванд. Агентии омор махфияти маълумотҳои шахсиро тибқи қонунгузории соҳа ва принсипҳои асосии омор таъмин менамояд.




0 комментария к “АҲАМИЯТИ ОМОР БАРОИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...