Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОР ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҶАМЪОМАД ДОИР НАМУД

АГЕНТИИ ОМОР ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҶАМЪОМАД ДОИР НАМУД

5 феврал дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад ҳамзамон кормандони Раёсати омор дар шаҳри Ваҳдат низ иштирок намуданд.

Зимни ҷамъомад иброз гардид, ки экстремизм ва терроризм дар замони имрӯза аз ҷумлаи умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, таваҷҷуҳи на танҳо як давлат ва ё минтақаи алоҳида, балки тамоми ҷомеаи башариро тақозо дорад. Дар ин замина танҳо дар доираи ҳамкорию ҳамгироии доираи васеи давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ метавон натиҷаи мусбат ба даст овард.

Муовини директори Агентии омор Мирзоён Нодир таъкид дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизм масъалаи мубрами рӯз ба ҳисоб мераванд. Зеро ин зуҳурот, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияту осоиштагии давлатҳои дунё зарар мерасонанд. Бинобар ин, дар замони муосир ба таҳдиди экстремизму терроризм ва коҳиш додани сатҳи содиршаваии он диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ин муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар қонунгузории қариб тамоми давлатҳои дунё пешбинӣ гардидааст.

Гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва терроризм фароҳам оварда шуда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ пурзӯр намоянд, то ки амнияту осоиштагии ҷомеа ва давлатамонро нигоҳ дорем.

Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ба бекорию зоеъ рафтани вақт роҳ надиҳанд. Бештар ба забономӯзию ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар ободиву шукуфоии ватани худ саҳм гузоранду барои халқу миллати хеш фарзанди шоиста гарданд.

Иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои қонунгузорӣ, илмӣ ва амалии муқовимат ба экстремизм ва терроризм табодули афкор намуданд.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҶАМЪОМАД ДОИР НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон