07.03.26
Ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар низ дар кишвари мо нишонаи эҳтиром ба мақому манзалати волои занону бонувон ва арҷгузорӣ ба нақши созандаи онҳо дар рушди ҷомеа мебошад. Бешак, ҷомеае, ки назди Модар сари таъзим фуруд меорад, ҷомеаи солиму дорои ахлоқи некӯ ва худшиносу худогоҳ аст.
Ба ҳамин хотир имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади идонаро нахуст, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина ҳусни оғоз бахшида, бо таъкид аз фаъолияти пурсамари занону бонувони мақомоти омор ба онҳо Рӯзи Модарро, ки аз омадани зеботарин фасли табиат – баҳори нозанин башорати неку саодатмандӣ медиҳад, самимона таҳният гуфт.

Назарзода Зарина саҳми занону бонувонро дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва беҳбудии сатҳи некуаҳволии мардум арзанда унвон кард.
Ҳамзамон аз тарафи муовини директор паёми табрикии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба самъи занону бонувон ва аҳли корандон расонида шуд.
Сардори Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ ба сухан баромада, аз номи роҳбарияти муассисаи мазкур занону бонувонро табрик намуд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби як қатор кормандон низ дар васфи модар сухаронӣ карда шуд.
0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР РӮЗИ МОДАРРО БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ НАМУД”