Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОР НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР НАМУД

АГЕНТИИ ОМОР НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР НАМУД

6 август Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар соли 2025 ва нақшаву вазифаҳои дарпешистода ҳисоботи муфассал манзур намуд.

Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, посухҳои мушаххас манзур карда шуд.

Аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:

– молҳои асосии содиротӣ дар нимсолаи якуми соли 2025;

– мушкилоти ҷойдошта дар раванди ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ;

– истифодаи технологияҳои муосир ва навгониҳо дар низоми омори миллӣ;

– масъалаи норасоии мутахассисони омор дар ҷамоатҳои деҳот ва чораҳои андешидашудаи кадрӣ дар ин самт;

– таҳқиқоти қувваи корӣ ва натиҷаҳои он;

-ҳамкории мақомоти омор бо донишгоҳҳо ҷиҳати зиёд намудани шумораи кормандон аз ҳисоби хатмкунандагони онҳо;

– мавзуҳои ҳамкорӣ бо мақомоти омори дигар давлатҳо;

– муҳоҷирати меҳнатӣ аз рӯи минтақаҳо;

– омори молия: депозит ва қарзҳои додашуда;

– омори демографии шаҳри Душанбе ва сабаби паст будани афзоиши табиии аҳолӣ дар ин шаҳр;

– омори таваллуд;

– шумораи номаҳои ирсолшуда ва баргардонидашуда.

Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон