Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР НАМУД

АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР НАМУД

Истиқлол рамзи саодати миллат ва давлати миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Ҳамасола шаҳрвандони сарбаланди кишвари мо ҷашни истиқлоли миллию давлатии худро бо шодиву сурур ва дастовардҳои назаррас ҷашн мегиранд.

Ба ҳамин хотир, 4 сентябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур роҳбарият ва кормандони Агентии омор, ҳамзамон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ – Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини якуми Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чоршанбезода Сураҷ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло иштирок доштанд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронии табрикии худ Истиқлоли давлатиро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, меҳмонон ва аҳли толорро бо солгарди 34-уми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфт.

Директори Агентӣ даврони соҳибистиқлолиро барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки маҳз расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонбозиҳо, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дар маҷмуъ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба он муваффақ гардидем.

Инчунин зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо шарофати истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.

Дар ин баробар, дар қатори дигар самтҳо соҳаи омори миллӣ ҳам ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.

Сипас, барои супоридани мукофотҳои давлатӣ риштаи сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ – Ҳикматуллозода Неъматулло дода шуд.

Дар навбати худ, Ҳикматуллозода Неъматулло зимни суханронӣ изҳор дошт, ки маҳз бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неъмати бебаҳои истиқлол дар Тоҷикистон таъмин аст ва онро гиромӣ бояд дошт. Инчунин таъкид намуд, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои асосии кишвар, ки ба ҷамъоварию таҳлили маълумоти омори дақиқ алоқамандии зич дорад, аз тарафи мақомоти омори миллӣ талошҳои зиёд карда шудааст. Ва сазовор донистани як қатор кормандони Агентии омор бо мукофотҳои давлатӣ ин далолати таваҷҷуҳи Сардори давлат ба низоми омори миллӣ ва қадр кардани заҳмату талошҳои роҳбарияти ин ниҳод дар самти рушди соҳа, таҳлилу пешниҳодҳои муфид, татбиқи ислоҳот дар низом ва рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.

Сипас, аз ҷониби мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ – Ҳикматуллозода Неъматулло тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» бо мукофотҳои давлатӣ, ба кормандони мақомоти омор мукофотҳои давлатӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Дар идомаи ҷамъомад, муовини якуми Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон – Неъматзода Маликшо суханронӣ намуда, баён дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон дар роҳи давлатдорӣ, давлатсозӣ ва ободии Ватан ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва сарнавиштсоз мебошад.

Истиқлол ихтиёрро ба дасти миллат дод, то дар раванди давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақилона амал намояд ва тамоми мушкилоту норасоиҳоро бартараф созад. Хушбахтона, зери сарварии Пешвои миллат ин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд ва миллати тоҷик ба орзуи ҳазорсолаи хеш расид.

Аз тарафи Наъматзода Маликшо ба роҳбарият ва кормандони Агентии омор медал ва сипосномаҳои Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҳамзамон муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷашни Истиқлоли давлатиро аз номи роҳбарият ва кормандони Кумита ба аҳли толор таҳният гуфта, сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро ба як қатор ҷавонони фаъоли Агентӣ тақдим намуд.

Дар фарҷом Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода муовини якум ва муовинони Директори Агентиро барои фаъолияти пурмасъул ва босамари меҳнатӣ ва кормандони фаъоли мақомоти оморро барои саҳми арзанда гузоштанашон дар рушди омори давлатӣ дар фазои идона ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.

Директори Агентӣ бо боварӣ изҳор дошт, ки дар оянда низ кормандони соҳаи омор барои рушди устувори кишвар содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА ҶАШНИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон