Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОР АЗ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ НАМУД

АГЕНТИИ ОМОР АЗ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ НАМУД

18 июл дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи ин масъала Асо Нурулло Асват, муовини якуми Директори Агентии омор гузориш дод.

Зикр гардид, ки мақомоти омор фаъолияти худро тибқи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025» ба роҳ монда, вазифаҳои дар назди мақомот гузошташударо пурра иҷро намуд.

  • Дар ин давра 4614 кори оморӣ саривақт ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи Барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Аз тарафи Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба сардорони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба фарогирии субъектҳои ҳисоботсупор, ҷамъоварии дурусти нишондиҳандаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ тибқи методологияи муайян, қатъиян аз байн бурдани таҳрифкорӣ, дуруст ба ҳисоботҳои оморӣ дохил намудани маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла картошка мавриди омўзиш ва такмил қарор додани методологияи баҳисобгирии нишондиҳандаи ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ, ки ин ҳама ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат менамояд, инчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда, қонунҳо, қарорҳо ва дигар дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР АЗ НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон