27.04.26
Дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли орд ба 219 ҳазору 251,9 тонна расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134,8 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда аз афзоиши назарраси истеҳсолот дар соҳаи коркарди маҳсулоти ғалладона шаҳодат дода, яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки саноати ордбарорӣ ҳамчун қисми муҳими соҳаи саноати хӯрокворӣ нақши калидӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ мебозад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот имкон медиҳад, ки вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ордӣ коҳиш ёфта, сатҳи худтаъминкунӣ дар кишвар баланд гардад.
0 комментария к “Афзоиши назарраси истеҳсоли орд: 134,8 фоиз дар семоҳаи якум”