Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Афзоиши мусофиркашонӣ дар Тоҷикистон

Афзоиши мусофиркашонӣ дар Тоҷикистон

Дар моҳҳои январ – майи соли 2026 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 451 миллиону 637,7 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 8,3 фоиз зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ишғол намуда, 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз нақши калидии нақлиёти автомобилӣ дар таъмини ҳаракати дохилии аҳолӣ ва рушди низоми нақлиёти кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар ин замина, тавассути нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва соҳибкорони инфиродӣ) дар панҷ моҳи соли 2026-ум 439 миллиону 119,4 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ – майи соли 2026 ба 6 миллиарду 702,1 миллион мусофир-километр расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 9,9 фоиз зиёд гардидааст.




0 комментария к “Афзоиши мусофиркашонӣ дар Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон