01.10.25
Давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҷумҳурӣ 19 миллиарду 144,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 16,8 фоиз зиёд аст, ки аз ин 77,2 фоиз ё 13,8 миллиард сомониро хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ташкил додааст.
Дар ин давра ҳаҷми хизматрасонӣ ба ҳар нафар аҳолии шаҳри Душанбе нисбат ба дигар минтақаҳо афзалият дорад, ки ҳаҷми хизматрасонӣ назар ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе 5,2 баробар зиёд аст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ аз рӯи намудҳои хизматрасонӣ
дар моҳҳои январ – августи соли 2025 чунин тавсиф мешаванд:
хизмати маишӣ – 4,5 млрд.сомонӣ ё 124,1 фоиз;
нақлиёти мусофирбар – 2,1 млрд.сомонӣ ё 106,1 фоиз;
алоқа – 3,3 млрд.сомонӣ ё 104,7 фоиз;
маориф – 1,5 млрд.сомонӣ ё 107,7 фоиз
тиббӣ – 832,2 млн.сомонӣ ё 112,5 фоиз;
хизматҳои коммуналӣ – 147 млн.сомонӣ ё 109,3 фоиз;
хоҷагии манзил – 9,6 млн.сомонӣ ё 110,2 фоиз;
хизмати ҳуқуқӣ – 159,5 млн.сомонӣ ё 1,6 баробар;
хизмати бонкӣ – 2,8 млрд.сомонӣ ё 1,8 баробар;
дигар хизматҳои пулакӣ – 3,5 млрд.сомонӣ ё 109,9 фоиз нисбати давраи зикршудаи соли қаблӣ.
0 комментария к “АФЗОИШИ ҲАҶМИ ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ”