Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ БИШКЕК

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ БИШКЕК

23 апрели соли 2026 Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 100-солагии таъсисёбии мақомоти омори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Навкунии равандҳои бизнеси оморӣ: ташаккули экосистемаи нави омори расмӣ», ки дар қароргоҳи давлатии «Ала-Арча-1»-и шаҳри Бишкек баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур таъкид карда шуд, ки мақомоти омор ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар ташаккул ва рушди низоми миллии омор нақши калидӣ дошта, ҷиҳати таъмини мақомоти давлатӣ ва ҷомеа бо маълумоти боэътимод, дақиқ ва саривақтӣ саҳми арзанда мегузоранд. Иштирокчиёни форум аз кишварҳои гуногун ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аҳамияти густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва нақши омори расмиро дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ махсусан таъкид намуданд.
Форуми байналмилалӣ намояндагони сатҳи баландро аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳам овард. Дар доираи он масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи низоми омори расмӣ, рақамикунонии равандҳои оморӣ, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва ворид намудани манбаъҳои нави маълумот мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар ҷаласаи сеюми форум таҳти унвони «Интегратсияи манбаъҳои нави маълумот: нақши тиҷорати электронӣ дар ташаккули низоми муосири омори миллӣ» бо маърӯза баромад намуда, доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани манбаъҳои алтернативии маълумот, махсусан истифодаи имкониятҳои тиҷорати электронӣ, андешаҳои мушаххас баён намуд. Ҳамзамон, дастовардҳои амалии кишвар ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи низоми омори миллӣ муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи форум мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи судманд бо роҳбарони мақомоти омори кишварҳои иштирокчӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар рафти ин мулоқотҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи омори расмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Иштирок дар чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд ба таҳкими мавқеи мақомоти омори кишвар дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва ворид намудани усулҳои муосири идоракунии равандҳои оморӣ мусоидат менамояд.




0 комментария к “ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ БИШКЕК

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон