26.10.25
Гардиши савдо ба муомилоти пулии мамлакат ба мустаҳкамшавии арзи миллӣ низ мавқеи хоса дорад, зеро гардиши пулӣ бо хизматрасонии савдо, махсусан савдои чакана бевосита алоқаманд аст.
Ҳамин аст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 52,8 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 12,1 фоиз зиёд шудааст (индекси нарх 103,7 фоизро ташкил додааст).
Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 12,1 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба 44,4 миллиард сомонӣ баробар шуда, бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ 40,8 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ба маблағи 18,1 миллиард сомонӣ ташкил додааст. Дар ин давра ба маблағи 4,8 миллард. сомонӣ чорвои зинда, 1,6 миллиард. сомонӣ автомобилҳо, мототсиклҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, 8,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 11,2 миллиард сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шудаанд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба хизматрасонии техникии таъмири автомобилҳо 468,6 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини ҷумҳурӣ 4367,8 сомонӣ рост омадааст.
Таносуби бештари гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо асосан ба шаҳри Душанбе (30,1 фоиз) ва вилояти Суғд (28,7 фоиз) рост меояд.
0 комментария к “ГАРДИШИ САВДОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН БА 52,8 МЛРД.СОМОНӢ БАРОБАР ШУД”