Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

17 декабри соли 2021 вохӯрии донорҳо ҷиҳати ифтитоҳи расмии Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» баргузор гардид

17 декабри соли 2021 вохӯрии донорҳо ҷиҳати ифтитоҳи расмии Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» баргузор гардид

17 декабри соли 2021 дар меҳмонҳонаи «HILTON» вохӯрии донорҳо оид ба ифтитоҳи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази кулли ҳисоббарорӣ, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, барномаҳои ҷаҳонии озуқаи СММ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), БРСММ дар Тоҷикистон (UNDP), Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), СММ Хазинаи нуфуси миллии Тоҷикистон (UNFPA), Созмони озуқа ва кишоварзии ОНН (ФАО), Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони шӯъбаҳои Агентии омор, мутахассисони гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки бояд ба назар гирифт, ки таҳияи лоиҳаи мазкур комилан ба фаъолияти Нақшаи Стратегияи миллии рушди омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 585 тасдиқ шудааст. Илова бар ин, фаъолияти Лоиҳаи нав аз фармону дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаҳои стратегӣ, барномаҳои давлатӣ ва соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Яке аз мақсадҳои асосии маҷлис пурзур намудани ҳамоҳангсозии кори омор, инчунин ба кадри имкон масъалаи ҷалб намудани қувваҳои иловагӣ барои такмил додани ҳисоби оморӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур барои ноил шудан ба ҳадафҳои зерин равона карда мешавад: азнавкунии методологияи омории истеҳсоли маълумоти мукаммал ва босифат, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегии давлатиро таъмин менамояд, дар асоси қабул ва таҳлили маълумоти пурра, боэътимод, омори расмии аз ҷиҳати илмӣ асосноки вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, демографӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи асосии мониторинги вазъи макроиқтисодӣ ва камбизоатӣ ва ҳадафҳои рушди устувор.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Раҷабов ба сухан баромада, қайд кард, ки бидуни нишондодҳои дақиқи оморӣ фаъолияти ин ё он соҳаро таҳлил кардан ғайриимкон аст. Дар ин замина Бонки Ҷаҳонӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич мебарад.       

              

Қ.Давлатзода – муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза баромад карда, дар бораи фаъолияти умумӣ, ҳадафи асосӣ, ҷузъҳо ва зерқисмҳо ва баҳрабардорони асосии лоиҳа шарҳи мухтасар дод.

Алишер Раҷабов – намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, роҳбари гурӯҳи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» дар бораи ислоҳоти омор дар татбиқи лоиҳаҳои «Тоҷстат» дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, аз соли 2000 то соли 2018 ва дастовардҳои бадастомада тавзеҳот дод ва ба иҷрои лоиҳаро баҳои мусбат дод. Ҳамзамон оид ба рафти татбиқи Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» муфассал маълумот дода қайд намуд, ки фаъолияти лоиҳа аз моҳи ноябри соли 2021 оғоз гардида, то моҳи ноябри соли 2026, яъне панҷ сол идома меёбад.      

    

Инчунин дар бораи иқтидори оморӣ ва иқтидори нави самаранокӣ маълумот дода шуд. Бобизода Аҳрориддин, ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» зимни муаррифии худ оид ба хароҷоти буҷет ҳангоми татбиқи лоиҳа, тақсими маблағҳо аз рӯи ҷузъҳо ва зерқисмҳо, сохтори лоиҳа ва гурӯҳи татбиқи лоиҳа маълумоти мухтасар дод.

Дар рафти вохурӣ аз тарафи намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Созмони рушди Оғохон, ва дигар ташкилотҳои ҳузурдошта саволу ҷавоб оид ба фаъолият ва мақсадҳои асосии лоиҳа суръат гирифт.

 




0 комментария к “17 декабри соли 2021 вохӯрии донорҳо ҷиҳати ифтитоҳи расмии Лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» баргузор гардид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...